Маърифати ҳуқуқӣ - кафили ҳифзи истиқлоли давлатӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 16 декабр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 337
Воқеан ҳам Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат ҳуҷҷати муҳими сиёсиву ҳуқуқӣ ва стратегӣ буда, дар он самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишвар, нақшаҳои рушди устувори минбаъда, вазифаю мақсад ва марому роҳҳои расидан ба ҳадафҳои дар пеш гузошта мушаххас ва муайян карда мешаванд.
- Эълон гардидани соли 2024 ҳамчун Соли маърифати ҳуқуқӣ дар кишвар чӣ аҳамият дорад?
- Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки дар меҳвари Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад.
Муҳим будани ин масъала дар он ифода меёбад, ки риоя ва иҷрои конститутсия, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, пешгирии ҷалби ҷавонон ба гурӯҳу ҳаракатҳои террористиву эктремистӣ, тафаккури баланди зеҳнӣ, дастгирӣ ва пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи баланди маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, махсусан ҷавонон вобастагии калон дорад.
Фармони мазкур бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои ҳуқуқӣ ва демократӣ, мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон ва муносибати эҳтиромона бо он, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он ва таъмин намудани волоияти қонун, ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ қабул карда шудааст.
Эълон гардидани соли 2024 - Соли маърифати ҳуқуқӣ ва тавъам донистани он ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо маънои амиқу ниҳоӣ дорад, балки тадбири муҳиму саривақтӣ барои бунёди ҷомеаи мутамаддин, сохтани шахси комил ва эъмори давлати ободу муосири миллӣ мебошад. Зеро бунёди дав-лати ҳуқуқбунёди демократӣ танҳо дар ҷомеае ҷой дошта метавонад, ки дар он қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ вуҷуд дошта бошад ва ҳар як субъекти комилҳуқуқи ҷомеаи шаҳрвандӣ до-рои масъулият ва маърифати баланди ҳуқуқӣ буда, Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро риоя намояд.
- Оё тарғиби арзишҳои демократӣ ба тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон вобастагӣ дорад ё не?
- Мақсади асосӣ аз роҳандозӣ шудани чунин иқдом, пеш аз ҳама, тарғиби арзишҳои ҳуқуқӣ ва демократӣ, мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон ва муносибати эҳтиромона ба он, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он ва таъмин намудани волоияти қонун мебошад. Вақте ки тарбияи
ҳуқуқии шаҳрвандон боло меравад, онҳо арзишҳои демократиро дарк мекунанд. Тарғиби арзишҳои демократӣ вобаста аст ба тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон.
Маърифати баланди ҳуқуқӣ - ин риояи бошууронаи меъёрҳои қонун ва итоат ба қонунро тақозо дошта, одамони дорои маърифати баланди ҳуқуқӣ бар зидди назари равандҳои ҷамъиятӣ нестанд, балки дар халли масъалаҳои иҷтимоӣ фаъолона иштирок менамоянд.
- Маърифати ҳуқуқӣ дар мустаҳкам намудани донишҳои ҳуқуқии инсон ва муносибати эҳтиромона ба он аҳамият дошта метавонад?
- Албатта, ин аҳамияти ниҳоят калон дорад, зеро вақте ки инсон ҳуқуқ ва озодиҳои худро медонад, ҳатман ба он муносибати эҳтиромона мегузорад. Донистани ҳуқуқ кафолати зиндагии шоиста мебошад. Ҳангоме ки ҳар як шаҳрванд ба моҳияти он сарфаҳм меравад, дарк менамояд, ки иҷрои кадом амал қонунӣ ва кадомаш ғайриқонунӣ аст. Ҳатман кӯшиш ба харҷ медиҳад, амали хубро анҷом диҳад. Дар ин сурат гуфта метавонем, ки маърифати ҳуқуқӣ дар мустаҳкам намудани донишҳои ҳуқуқии инсон ва муносибати эҳтиромона ба он аҳамияти калон дорад.
Риоя, дарк ва эҳтироми қонунҳо дар моддаи 42-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мазмуни зерин баён шудааст: «Дар Тоҷикистон ҳар шахс вази-фадор аст, ки Конститутсия ва қонунҳоро риоя кунад, ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд. Надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад». Ин меъёри конститутсионӣ моро боз ҳам водор месозад, ки дар самти риояи қонунҳои ҷории ҷумҳурӣ ва эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон пешоҳанг бошем.
Дар ин ҳолат, ташкили низоми маърифати ҳуқуқӣ, татбиқи мақсадноки ҳадафҳо ва вазифаҳои маърифати ҳуқуқӣ зарур аст.
- Мегӯянд, ки маърифати ҳуқуқии аҳолӣ омили пешрафти ҷомеа аст. шумо ҳамчун коршинос дар ин бобат чӣ андеша доред?
- Маърифати баланди ҳуқуқӣ ба ташаккули ҷаҳонбинии ҳуқуқии шахс, баҳои дурусти ҳуқуқӣ додан ба кирдори худ ва пешбинӣ кардани оқибатҳои ҳуқуқии он, ҳуқуқписандӣ, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои дигарон, пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои дорои хусусияти террористию экстремистӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ, таҳкими қонуният, таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ мусоидат менамояд. Тавре ки мегӯянд: “пеши роҳи ҷаҳолатро маърифат мегирад”.
Маърифати ҳуқуқӣ ба шахс имкон медиҳад, ки аз ҳуқуқҳои худ истифода намуда, уҳдадориҳои худро иҷро намояд, маҳдудиятҳои дар қонунгузорӣ муайяншударо риоя кунад, инчунин оқибатҳои ҳуқуқии амалҳои худро дарк намояд.
Онҳо дарк мекунанд, ки маърифати ҳуқуқӣ, яъне чӣ аст. Дар сурате, ки ҳар як шаҳрванд ба моҳияти он сарфаҳм меравад, сатҳи ҷинояту ҷинояткорӣ кам мегардад. Зеро нафаре, ки қонунро медонад, маърифати ҳуқуқиаш баланд бардошта мешавад, дарк мекунад, ки ҷиноят чӣ аст. Нафаре, ки ба моҳияти маърифати ҳуқуқӣ сарфаҳм меравад, хубро аз бад ташхис карда метавонад.
Ин, бешак, омили пешрафти ҷомеа ме-гардад. Вақте ки ҷомеа пеш меравад, давлат ҳам пеш меравад. Вақте ки давлат пеш меравад, ин кафолати зиндагии шоистаи мардум ва омили боло-равии сатҳи зиндагии мардум мебошад.
Ҳангоме шаҳрвандон дарк мекунанд, ки ҳуқуқ ба меҳнат, ҳуқуқ ба истироҳат, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, дӯст доштани Ватан чӣ аст, ана дар ин маврид ҷомеа метавонад пеш равад, ки ин ҳама ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон вобастагии калон дорад.
- Ҷомеа бояд чӣ кор кунад, ки сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон баланд шавад?
- Ҷиҳати ноил гардидан ба мақсадҳои зикргардида иҷрои вазифаҳои зерин зарур дониста шудааст, ки ин ҳам бошад, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти давлатӣ дар самти тарғибу ташвиқи ҳуқуқӣ, ба таври васеъ ба аҳолӣ дастрас намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулгардида, такмил додани механизми коркарди муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳамчун унсури муҳимми баланд бардоштани таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар асоси ворид кардани дастовардҳои нави илму технология, пурзӯр кардани назорати ҷамъиятӣ, баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии роҳбарони ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликият, кормандони мақомоти давлатӣ, баланд бардоштани таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон, аз ҷумла, кӯдакону наврасон, ҷавонону донишҷӯён, хизматчиёни давлатӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, истифодаи самараноки воситаҳои ахбори омма ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар раванди таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва ғайра мебошанд.
Ҳамзамон, дар ин замина, ташаббуси Пешвои миллат дар бораи эълон гар-дидани Соли маърифати ҳуқуқӣ сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонро боло бурд. Дар ин марҳила мо бояд ин иқдомро на танҳо ҳамин сол, балки пайваставу пайваста такрор намоем.
Иқдоми «хона ба хона», ки аз ҷониби роҳбарияти вилояти Хатлон баҳри боло бурдани маърифати ҳуқуқӣ гирифта шудааст, бояд дар дигар вилоятҳо низ татбиқ шавад. Ягона роҳи боло бурдани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон усули оммафаҳмонӣ мебошад, тавассути ин иқдом мо метавонем сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонро боло бардорем.
Суҳбаторо
Алишери Абдулмаҷид,
«Хатлон
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...