Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » РУСТАМ ЭМОМАЛӢ ДИГАРБОРА ПРЕЗИДЕНТИ ФЕДЕРАТСИЯИ ФУТБОЛИ ТОҶИКИСТОН ИНТИХОБ ШУД


РУСТАМ ЭМОМАЛӢ ДИГАРБОРА ПРЕЗИДЕНТИ ФЕДЕРАТСИЯИ ФУТБОЛИ ТОҶИКИСТОН ИНТИХОБ ШУД



Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ ба муҳлати чор соли дигар президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб шуд.

Имрӯз, 14 декабр дар меҳмонхонаи «Ҳаятт Риҷенси Душанбе» Конгресси ҳисоботӣ-интихоботии Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид.

Рустам Эмомалӣ бори чаҳорум – то соли 2028 ба мансаби раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб шуд.

Хуршед Мирзо ноиби якуми президенти ФФТ интихоб гардид. Алишер Урунов, Сайвалӣ Дониёрзода ва Искандар Ҷалилов ноибони президенти Федератсияи футболи кишвар интихоб шуданд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода