Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ИФТИТОҲИ МАЙДОНЧАИ БОЗИҲО БАРОИ КӮДАКОН ДАР МАҲАЛЛАИ САДРИДДИН АЙНИИ ШАҲРИ БОХТАР


ИФТИТОҲИ МАЙДОНЧАИ БОЗИҲО БАРОИ КӮДАКОН ДАР МАҲАЛЛАИ САДРИДДИН АЙНИИ ШАҲРИ БОХТАР



Бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид имрӯз, 14 декабр, дар маҳаллаи ба номи Садриддин Айнии шаҳри Бохтар майдончаи кӯдакона мавриди истифода қарор дода шуд.

Майдончаи хурди кӯдакона бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, барои истироҳат ва бозии кӯдакон ҷойҳои махсус ба инобат гирифта шудааст.

Ин майдонча бо саҳми шуъбаи Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Бохтар дар заминаи ҳидоятҳои инсонпарваронаи Пешвои муаззами кишвар ва раиси вилояти Хатлон баҳри таъмини сатҳи баланди зиндагӣ ва истироҳати кӯдакону сокинон бунёд гардидааст.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода