Шиносоии муовини Сарвазир бо вазъи муассисаҳои таълимии Кӯлоб
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 13 декабр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 116
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ бо вазъи МТМУ №17 ва №18-и Ҷамоати деҳоти "Даҳана"-и шаҳри Кӯлоб шинос гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки дар МТМУ №17 580 хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст. Ҳамчунин, дар ин рӯз бинои нави иловагии дуошёна барои 350 хонанда дар ду баст, иборат аз 8 синфхона ба истифода дода шуд.
Дар МТМУ №18, ки дар деҳаи Лавоваи ҷамоати мазкур воқеъ аст, 420 хонанда таҳсил мекунад. Дар ин муассиса низ бинои нави иловагии дуошёна барои 200 хонанда дар ду баст ба истифода дода шуд.
Иброз гардид, ки имконоти мавҷуда ва фароҳам овардани шароити мусоид барои насли имрӯзу фардои мамлакат аз таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи маориф дарак медиҳанд.
Масъулини соҳаи маорифи шаҳри Кӯлоб иброз доштанд, ки тамоми талошро барои сари вақт иҷро кардани дастуру ҳидоятҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон равона намуда, фарзандонро дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия менамоянд.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...