Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ВАЗЪИ ОБТАЪМИНКУНӢ ДАР БОХТАР ВА ДАНҒАРА БЕҲТАР МЕШАВАД


ВАЗЪИ ОБТАЪМИНКУНӢ ДАР БОХТАР ВА ДАНҒАРА БЕҲТАР МЕШАВАД




Дар Вазорати молияи Тоҷикистон маросими имзои созишномаҳои грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаҳои «Беҳтаркунии низоми обтаъминкунӣ дар шаҳри Бохтар» ва «Беҳтаркунии низоми обтаъминкунӣ дар ноҳияи Данғара» баргузор гардид.

Созишномаҳои мазкурро вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва намояндаи доимии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Тоҷикистон Холгер Вифел ба имзо расониданд.
Қобили қайд аст, ки арзиши созишномаҳои грантӣ барои лоиҳаҳои болозикр 8 миллион евроро ташкил менамояд. 

Аз ҷумла, барои татбиқи лоиҳаи «Беҳтаркунии низоми обтаъминкунӣ дар шаҳри Бохтар» 4 миллион евро ва лоиҳаи «Беҳтаркунии низоми обтаъминкунӣ дар ноҳияи Данғара» низ 4 миллион евро пешбинӣ шудааст.

Ҳадаф аз татбиқи лоиҳаҳои мазкур ин сохтмон ва барқарорсозии обанборҳои мавҷуда, беҳтаргардонии сифат, безараргардонии оби нӯшокӣ ва саривақт бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин намудани аҳолии шаҳру ноҳияҳои зерҳадаф ба ҳисоб меравад.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода