БАРРАСИИ ҲАМКОРИҲО ДАР САМТИ ТАЪСИСИ НЕРУГОҲҲОИ БОДИЮ ОФТОБӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 05 декабр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 181
Имрӯз, 5 декабр, дар шаҳри Бохтар раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо директори генералии Ширкати истеҳсоли энергияи барқии Ҷумҳурии Халқии Хитой Гу Ченг Фенг мулоқот намуд.
Зикр гардид, ки муносибатҳои Тоҷикистону Чин дар марҳилаи кунунӣ бо суръат рушд дорад ва дар ин замина вилояти Хатлон бо ширкатҳои бонуфузи Ҷумҳурии Халқии Хитой муносибатҳои хуби дуҷонибаро ба роҳ мондааст.
Давлаталӣ Саид зимни суханронӣ тақвият ва густариши робитаҳои корӣ бо ширкатҳои Чинро яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти иқтисодии хориҷӣ шуморид ва афзуд, ки муносибатҳои боэътимоди дарозмуддат ба истифодаи самараноки иқтидори минтақаҳо мусоидат мекунанд.
- Мо ҳамкориҳои минтақавиро унсури муҳими рушди иқтисоду тиҷорат, ҷалби сармоя, таъсиси корхонаҳои саноатӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир медонем, - афзуд раиси вилоят.
Ба гуфти Гу Ченг Фенг, директори генералии Ширкати истеҳсоли энергияи барқӣ, ширкати онҳо ба иштирок дар сохтмони неругоҳҳои хурду бузурги бодию офтобӣ дар вилоят ҳавасмандии зиёд дорад. Таъкид гардид, ки ширкат метавонад ба вилоят дар бунёди неругоҳҳои офтобиву шамолӣ мусоидат намояд.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки Чин аз иқдомоти Тоҷикистон доир ба таъмини дастрасӣ ба манбаъҳои таҷдидшавандаи неруи барқ, ба мисли гидроэнергетика ва энергияи бодию офтобӣ мудом дастгирӣ хоҳад кард.
Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир таъсиси неругоҳҳои бодию офтобӣ ва дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз пешниҳоди таъсиси неругоҳҳои бодию офтобӣ ҷонибдорӣ намуда, илова кард, ки пас аз боздид аз ноҳияҳои барои татбиқи ин лоиҳаҳо мусоид масъалаи роҳандозии ҳамкорӣ дар ин самт мавриди баррасии муфассал қарор хоҳад гирифт.
РӮЗНОМАИ "ХАТЛОН"
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...