Мамлакат аз дасти зан гулзор шуд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 06 декабр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 264
Баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон мақоми зан дар ҷомеа баланд гардид. Махсусан дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ ба фаъолияти ҷамъиятию соҳавии бонувон зиёд шуд.
Бо мақсади баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, таъмин намудани баробарҳуқуқии мардону занон, тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда, аз ҷумлаи занону духтарони лаёқатманд як силсила асноди зарурӣ қабул гардида, амалӣ шуданд. Мақсад аз қабули ин санадҳо, пеш аз ҳама, арҷгузорӣ ба ҳуқуқу озодиҳои занон, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, нақши ӯ дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоии мамлакат, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти занону духтарон мебошад. Дар натиҷа солҳои охир теъдоди занони мутахассису соҳибтаҷриба дар зинаҳои гуногуни ҳокимият, мақоми олии қонунгузор, ҳокимияти судиву иҷроия ва тамоми сохтору мақомоти давлатию ҷамъиятӣ торафт афзоиш ёфта, онҳо дар рушду пешрафти самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа саҳми худро мегузоранд.
Бонувони Тоҷикистони соҳибистиқлол дар рушди илму маърифат пешсафанд. Дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва олии ҷумҳурӣ садҳо занони пурғайрат баробари мардон фаъолият доранд. Ба шароити душвори иқтисодӣ нигоҳ накарда, имрӯз низ чун солҳои пешин аксари муаллимони мактабҳои таҳсилоти умумиро занон ташкил медиҳанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати «Рӯзи модар» чунин иброз намуданд: "Имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон дар симои зан на танҳо модар, хоҳар ва ҳамсар, балки сиёсатмадори шинохта, донишманди асил, сарвари муваффақ, соҳибкори саховатпеша, табиби ҳозиқ, корманди поквиҷдони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳомии Ватан, бинокори номдор, мураббии наслҳо ва ҳамшираи меҳрубонро мебинад, ки ин мояи ифтихори ҳар яки мову шумо мебошад".
Дар ҳақиқат, имрӯз занон дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ - саноату кишоварзӣ, маорифу фарҳанг, тиббу илм ва соҳибкорӣ сарбаландона меҳнат мекунанд.
Зан дар оила нақши муҳимро дошт ва дар ҷойи намоён хоҳад монд. Зеро иффату зебоӣ, хоксориву маърифатнокӣ хусусияти хоси зан буда, ба зиндагии аҳли хонадон таровату покизагӣ мебахшад.
Зан – модар сарчашмаи меҳру вафо, олиҳаи зебоӣ, рамзи ишқи ҷовидонӣ, нахустин мураббӣ ва муаллими фарзанд аст. Тору пуди модарон аз риштаи меҳру садоқат бофта шудааст. Тарбияи ибтидоӣ, ки марҳалаи муҳими умри инсонӣ мебошад, маҳз ба заҳмати модар ва муҳаббати ӯ вобаста аст. Беҳуда нест, ки сатҳи маърифати ҷомеа ва нуфузу эътибори он аз рӯи муносибат ба зан муайян мешавад.
Ин ҳама дастгириҳо, хусусан занону модаронро водор месозад, ки дар марҳилаи кунунии давлатсозию давлатдорӣ мавқеи фаъол ва устувори шаҳрвандӣ дошта, дар амалӣ намудани ҳадафҳои созандаи Ҳукумати ҷумҳурӣ содиқона саҳми худро мегузоранд.
Қ. РАҶАБЗОДА,
шаҳри Бохтар
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...