Ҷасорати як зани рустоӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 02 декабр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 117
Ӯ занест намои ҷасорат, матонат ва олиҳаест пешбарандаи вазифаи мард, сутуни хонадон, тарбиятгару ноновар ва модари панҷ фарзанд. Дар набарди зиндагӣ бо нерумандию қавииродагии хеш истодагарӣ намуда, барои фарзандонаш зиндагии осоишта муҳайё сохтааст. Таъмини рӯзгор ва фароҳам овардани шароити мусоид ба фарзандон, дар роҳи дуруст тарбия намудани онҳоро ҳадафи аслии хеш қарор додааст. Бо вуҷуди ин ҳама талошҳои хастагинопазир ҳамчун хизматчии давлатӣ низ фаъолият дорад.
Хайринисо Шарипова 8 ноябри соли 1971 дар деҳаи Партизани сурх, ҳозира Ёвони куҳнаи ноҳияи Ёвон дида ба олами ҳастӣ кушодааст. Маълумоти ибтидоияшро дар муассисаи таҳсилоти миёнаи № 4-и деҳаи Парчасой гирифта, баъдан ба омӯзишгоҳи тиббии ноҳия, ҳозира Коллеҷи тиббӣ дохил шудааст. Соли 1990 муассисаи мазкурро бо муваффақият хатм намудааст.
Аз сабабе, ки ҳамсафари зиндагияш аз ноҳияи Файзобод буд, риштаи тақдир Хайринисоро ба он ҷо бурд. Азбаски ӯ хатмкардаи соҳаи тиб ва аз нозукиҳои соҳаи мазкур ба хубӣ огоҳ гардида буд ва дар он шабу рӯз мушкилоти норасоии мутахассиси соҳаи тиб дар бунгоҳи тиббии деҳаи Қанғелии ноҳияи Файзобод ба назар мерасид, Хайринисоро дар бунгоҳи тиббии деҳаи номбурда ба ҳайси ҳамшираи шафқат ба кор қабул намуданд. Мушкилии чандинсолаи бошандагони деҳа осон гардид.
Чӣ тавре ки қаҳрамони матлаби мо иброз медорад: “Аз лаҳзае, ки ба деҳаи Қанғелӣ келин шуда рафтам, 13 сол, бефосила, дар бунгоҳи тиббӣ ҳамчун ҳамшираи шафқат ба мардум хизмат карда, дар ҳифзи саломатии бошандагони ин русто саҳмгузорӣ намудам”.
Мавсуф, дар баробари фаъолият намудан дар соҳаи тиб ва ҳифзи солимии ҷомеа, боз дар таълиму тарбияи насли наврас нақши басо созгор гузоштааст. “Аз сабабе, ки ман омӯзишгоҳро ба забони русӣ хатм намуда будам, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Файзобод набудани омӯзгори забони ру-сиро асос намуда, маро ба ҳайси омӯзгори забони русӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21-и деҳаи болозикр ба кор даъват намуд. Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи забономӯзии насли наврас ин таклифро раднопазир дониста, дар вақтҳои муайянгардида ба шогирдон дарс ҳам мегуфтам”.
НАБАРДИ ЗИНДАГӢ
Хайринисо як оилаи солиму бузург бунёд намуда, беҳтарин лаҳзаҳои зиндагиро дар сафҳаи хотироти рангинаш китобат кардааст. Дар фазои осоиштагиву якдигарфаҳмӣ осуда ҳаёт ба сар мебурд.
Аз самараи зиндагии 13-солааш соҳиби 5 фарзанд гардид. Ҳар рӯзи ҳаёташ дар муҳити оилаи солим хушбахту сарсабз паси сар мешуд. Зеро бунёди оилаи солим асоси хушбахтии ҳар як фард ба шумор меравад. Мутаассифона, ин лаҳзаҳои хушбахтӣ дар канори ҳамсар дер давом накард.
Риштаи умри шавҳараш дар нимароҳи зиндагӣ канда шуд ва ӯ бо панҷ ятим роҳи набарди зиндагиро думболагирӣ намуд. Баъди сари шавҳар ягона нонова-ру таъминкунандаи рӯзғор, тарбиятгару таъминкунандаи фарзандон Хайринисо буд. Барои дар роҳи дуруст ба камол расонидани фарзандон заҳмату талошҳои зиёдеро ба харҷ медод. Ӯ дар зиндагӣ меҳнатро дар мадди аввал гузошта, ягона василаи расидан ба қуллаи мурод медонад. «Дар баробари фаъолият намуданам дар самти тиббию омӯзгорӣ, ҳамчунин дар вақтҳои холигӣ ду гектар замини корами хоҳаршӯямро ба иҷора гирифта, дар он зироатҳои кишоварзӣ, сабзавоти тару тоза, кишт мекардам. “Ман ҳеҷ гоҳ аз меҳнат кардану талош варзидан барои пешбурди зиндагӣ ва дарёфти ризқи фарзандон канор намеистам. Аз он метарсам, ки мабодо рӯзе фарзандонам аз чизе танқисӣ кашанд ё муҳтоҷ ба чизеву касе шаванд. Дар ҳоле, ки ман қобили меҳнатам», - изҳор дошт қаҳрамони мат-лаб Хайринисо.
Рӯ намеорад ба хони ҳеҷ кас соҳибҳунар,
Боғбон ризқи худ аз пушти гулистон мехӯрад.
Воқеан ҳам Хайринисо як зани меҳанатдӯст, заҳматқарин ва серталош аст, ки пайваста саъй мекунад, чархаи зиндагиро бо меҳнату заҳматҳои модаронааш бичархонад.
ХОТИРОТ
Зиндагӣ шебу фарозиҳо дорад. Инсоният дар ҷодаҳои рӯзгор бори зиндагӣ мекашад. Ҳатман дар ин масир хотироте дар авроқи зиндагиномааш дарҷ мегардад, ки ҳеҷ гоҳ аз ёдҳо зудуда намешавад. Хайринисо замни суҳбат аз як лаҳзаи фаромӯшнопазири зиндагиаш ёдовар гардида, чунин қисса кард: “Ҳангоме, ки шавҳарам вафот кард, хешовандон ба ман мегуфтанд, ки акнун духтаронатро шавҳар бидеҳ, кӣ онҳоро мехононад. Саломатии худам он қадар хуб набуд, ғамгин мешудам ва ба худ мегуфтам, ки акнун ман чӣ кор мекунам, фарзандонамро чӣ гуна ба донишгоҳ дохил менамоям? Ягона умедамро ба квотаи президентӣ бастам ва духтарамро ба он номнавис кардам. Дар даври ноҳиявӣ ҷойи дуюмро ишғол намуд ва ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифт.
Рӯзи имтиҳон ҳамроҳи духтарчаи хурдиям ба шаҳри Душанбе рафтам. Тамоми вуҷудамро ҳаяҷон фаро гирифта буд. Бесаброна баромадани довталабонро инти-зор будам. Баъд аз чанд лаҳза довталабон як-як аз аудитория мебаромаданд. Ман бо ҳаяҷони зиёд духтарамро меҷустам.
Лекин ӯ ба зудӣ намебаромад, ҳама баромад, ба ҷуз духтарам. Ғами дунё гӯё ба са-рам бор шуду худ ба худ мегуфтам: “Чаро духтари ман нест?” Баъд аз чанд лаҳзае духтарам бо табассум аз бино баромад.
Чеҳраи духтарамро дида, беихтиёр ашки шодӣ аз чашмонам сарозер шуд. Дарҳол масъули имтиҳонро дида, натиҷаи онро пурсон шудам. Ба ман гуфтанд, ки -ин духтарчаи шумост? “Бале гуфтам”, бо ҳаяҷон.
-Аз ҳама бали баландро ҳамин духтарак гирифта, ҷойи якум насибаш гардид,- гуфту аҳсанаш хонд. Ман духтарамро ба оғӯш гирифтаму шукрона аз он кардам, ки имрӯз ҳосили коштаамро ба даст овардам. Чӣ тавре ки дар урфият мегӯянд: “Ҳеҷ амале бе подош нахоҳад монд”.
БОЗГАШТ
Набудани манзили истиқоматӣ, таълиму тадриси фарзандон аз омилҳое ҳастанд, ки Хайринисо азми бозгашт ба ноҳияи Ёвонро кард. Соли 2012 чархи фалак ӯро боз ба зодгоҳаш-ноҳияи Ёвон овард. Барои рӯзгузаронӣ як хонаеро ба иҷора гирифту зиндагиро дар он ихтиёр намуд ва бо кумаки апааш Тоҷинисо Шарипова дар Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейни ноҳия ба ҳайси коргузор ба фаъолият оғоз намуд. Соли 2012 ба хотири идомаи таҳсил дар риштаи забон ва адабиёти руси Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба таври ғоибона дохил шуда, соли 2017 бо баҳои аъло Донишгоҳро хатм намуд.
Хайринисо Шарипова дар вазифаҳои мутахассис, мутахассиси пешбар, муовини раиси ҷамоат ифои вазифа намудааст ва аз соли 2022 инҷониб иҷрокунандаи вазифаи раиси Ҷамоати деҳоти Обшорон мебошад.
-Кори ҷамоатчигӣ масъулияти баландро талаб менамояд. Зеро ҳамарӯза со-кинону бошандагони ҳудуди ҷамоат бо мушкилоту дархостҳои мухталиф ба мо муроҷиат мекунанд. Барои пешниҳоду дархостҳои сокинон корбарӣ намуда, талош мекунем, ки дар ҳалли мушкилоти мардум саҳмгузор бошем.
Воқеан, дар канори мардум фаъолият намудан, якдилию якмаромиро пеша кардан, дар ҳаллу баррасии мушкилоти онҳо расидагӣ кардан вазифаи аслии ҳар як роҳбар ба ҳисоб меравад. Ҳамаи ин масъулиятҳоро мо дар тинати Хайринисо мушоҳида намудем. Хоксориву фурӯтанӣ, меҳрубониву дидадароӣ, дурандешиву таҳаммулпазирӣ хоси сиришти қаҳрамони матлаб мебошад.
МУШКИЛОТ
Зиндагӣ оинаест, ки дар баробари муваффақиятҳо боз мушкилотҳоро низ инъикос мекунад. Зиндагии Хайринисо аз мушкилот орӣ набуда, аз лаҳзаҳои душвориҳои рӯзгор ҳанӯз ҳам ёдовар мегардад. “Соли 2020, ҳангоми паҳн гардидани бемории “СOVID-19” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фарзандонам дар шаҳри Душанбе таҳсил мекарданд. Он вақт ба хотири паҳн нагардидани ин беморӣ муваққатан дар ҳама шаҳрҳо карантин эълон намуданд. Фарзандонам аз шаҳр ба хона омаданд. Акнун мо дар як ҳуҷра 5-6 нафар дар як ҳолати ногувор зиндагӣ мекардем. Ягона роҳи баромадан аз ин вазъиятро дар қарз гирифтану хона харидан медидам. Ба ҳамин мақсад аз бонк қарз гирифта, як хона дар ҳаҷми ду сотих харидам ва бо ҳамин мушкилии манзили истиқоматиамон ҳалли худро ёфту мо соҳиби хона шудем”,- мегӯяд ин зани соҳибиродаю ба қавле оҳанин.
... Хайринисо Шарипова бо паси сар намудани роҳҳои ҳамвору ноҳамвори зиндагӣ, бо каму костагиҳо, бо сарнавишти хеш шукргузорӣ намуда, аз самараи меваҳои бо ранҷ парваридааш ком ширин мекунад. Боз шукргузорӣ аз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мекунад, ки барои наврасону ҷавонон ба сӯйи донишандӯзию соҳибкасб шудан ва забономӯзӣ роҳ кушодааст. Шукрона мекунад, ки Президенти мардумпарвар дорад. Шукрона дорад, ки Сарвари давлат ба зан-модар таваҷҷуҳ зоҳир намуда, мақоми занро боло бардоштааст.
Имрӯз фарзандонаш соҳибмаълумот гардида, дар вазифаҳои гуногуни хоҷагии халқ фаъолияти пурсамар доранду дастёру мададрасони модар шудаанд. Хонандаи азиз, тавре аз достони зин-дагии ин зани танҳо огаҳ шудед, талошҳои пай дар пайи ин зан баръабас нарафта, тавонист дар шикасту рехти зиндагӣ мардонавор истодагарӣ намояд, то зин-дагии мусоидро баҳри худ ва фарзандонаш муҳайё созад. Ва ӯ ба мақсад расид.
-Сано бодо ба занҳое, ки марданд...
Зебогул АЗИМОВА,
рӯзноманигор
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...