ОИЛАҲОИ АЗ ОФАТИ ТАБИӢ ЗАРАРДИДА СОҲИБИ МАНЗИЛҲОИ НАВ ГАРДИДАНД
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 28 ноябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Дигар матолиб / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 227
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансурҷон Умаров зимни сафари корӣ ба 36 оилае, ки аз офати табии бавуқуъомадаи рӯзи 25 майи соли 2024 дар деҳаи Сурхоби ҷамоати деҳоти Хутани ноҳияи Фархор зарар дида буданд, калиди хонаҳои нав тақдим гардид.
Бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хонаҳои истиқоматӣ, роҳу пул ва дигар иншооти маишиву хизматрасонӣ, ки дар натиҷаи офати табиӣ қисми зиёди онҳо зарар дида буд, он дар кӯтоҳтарин муҳлат бартараф ва барои сокинони деҳоти Хутани ноҳияи Фархор манзилҳои нави истиқоматӣ муддати 3 моҳ бунёд карда шуд.
Ҳар як хонаи истиқоматӣ дар деҳаи Сурхоб дар масоҳати 110 метри мураббаъ сохта шуда, дорои 3 ҳуҷра, ошхона ва ҳаммом мебошад.
Мавриди зикр аст, ки бо мақсади бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ва азнавсозии хонаҳои истиқоматӣ, аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ғамхориҳо зоҳир гардида, ҷараёни корҳои бунёдкориву ободонӣ зери таваҷҷуҳи бевоситаи Сарвари давлат қарор дошт.
Дар деҳаи Сурхоб дар баробари бунёди манзилҳои истиқоматӣ ҳамзамон бунгоҳи саломатӣ, роҳ ва дигар иншооти соҳаи хизматрасонӣ сохта шуда, барои аҳолӣ тамоми шароит фароҳам оварда мешавад.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00