Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » БА ИМЗО РАСИДАНИ САНАДҲОИ ҲАМКОРӢ


БА ИМЗО РАСИДАНИ САНАДҲОИ ҲАМКОРӢ




Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Форуми байналмилалии сармоягузории «Дурнамои рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.

Дар Форум Қосимзода Иноятулло, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, Солеҳзода Ашӯрбой, муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қурбонзода Амирхон, муовини Раиси вилояти Хатлон, Назарзода Бахтиёр, раиси шаҳри Кӯлоб, Ҷон Риордан, роҳбари Дафтари USAID дар Тоҷикистон, Сун Хэ, мушовири Сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба масъалаҳои тиҷоратию иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Холгер Вифел, роҳбари намояндагии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Гуфта шуд, ки Форуми байналмилалии сармоягузории «Дурнамои рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» имконияти сармоягузории минтақаҳои озоди иқтисодӣ, фароҳам овардани майдони муколамаи созанда ва мубодилаи афкору таҷриба бо мақомоти давлатӣ, сармоягузорони ватанию хориҷӣ, коршиносони байналмилалию миллии соҳавӣ ва шарикони рушд, баланд бардоштани ҷолибияти сармоягузорӣ дар ин минтақаҳо, ҷалби сармоя ва технологияи муосир, ба роҳ мондани тиҷорати электронӣ ва усулҳои иқтисоди «сабз» дар фаъолияти субъектҳои минтақаҳо мебошад.

Дар Форуми байналмилалии сармоягузорӣ байни маъмурияти минтақаҳои озоди иқтисодӣва соҳибкорону сармоягузорони ватанию хориҷӣ ба маблағи умумии 49,8 миллион доллар 11 санади ҳамкорӣба имзо расонида шуд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода