Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ ФИЛИАЛИ БОНКИ «САНОАТСОДИРОТБОНК» АЗНАВСОЗӢ ГАРДИД


ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ ФИЛИАЛИ БОНКИ «САНОАТСОДИРОТБОНК» АЗНАВСОЗӢ ГАРДИД




Дар идомаи сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои филиали бонки “Саноатсодиротбонк” дар шаҳри Кӯлоб, ки азнавсозӣ шуда буд, мавриди истифода қарор доданд.

Бинои нави филиали бонки “Саноатсодиротбонк” дар хиёбони Исмоили Сомонӣ ҷйгир буда, фармоишгар бонки “Саноатсодиротбонк” мебошад.



Иттилоъ дода шуд, ки бинои мазкур 2-ошёна буда, айни замон 17 нафар мутахассисони ботаҷриба ба мардум хизмат мерасонанд. Корҳои азнавсозии иншоот пурра аз ҷониби бонки “Саноатсодиротбонк” маблағгузорӣ шудааст.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода