Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » КӮЛОБ: ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГИИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ № 49 БАРОИ 384 ҶОЙИ НИШАСТ


КӮЛОБ: ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГИИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ № 49 БАРОИ 384 ҶОЙИ НИШАСТ




Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва вазири маориф ва илм зимни сафари корӣ дар ҷамоати деҳоти Тудакафши шаҳри Кӯлоб бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №49-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншоот дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи ҳамкориҳо бо шарикони рушд сохта шудааст.

Бинои иловагии муассисаи таълимӣ дуошёна буда, барои 384 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.

Муассисаи замонавии таълимӣ аз 8 синфхонаи барҳаво, аз ҷумла кабинетҳои фаннии химия, физика, математика, синфхонаҳои технологияи таълими меҳнат барои писарон ва духтарон, синфхонаҳои компютерӣ, китобхонаву толори барҳавои хониш, ҳуҷраҳои корӣ барои омӯзгорон ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.

Сохтмони бино дар заминаи амалишавии Лоиҳаи «Дастгирии татбиқи Стратегияи миллии рушди маориф" аз ҷониби Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи “Таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна" бо маблағи 5,3 миллион сомонӣ бунёд карда шудааст. 



Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо шароити фароҳамовардашуда дар даргоҳи нави маърифат шинос шуда, бо омӯзгорону хонандагони муассиса суҳбати самимӣ анҷом доданд.
Таъкид гардид, ки дар шароити имрӯз донистани забонҳои хориҷӣ шарт ва зарур буда, дар беҳсозии шароити зиндагии мо нақши муассир дорад ва рисолати аслии омӯзгорон дар рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва забономӯзӣ тарбия намудани насли наврас мебошад.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода