Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГИИ МАКТАБИ №41


КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГИИ МАКТАБИ №41




Дар идомаи сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар маҳаллаи Сайдалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №41-ро, ки ҳануз соли 2006 таъсис ёфта буд мавриди истифодабарӣ қарор доданд.

Бо ба истифода додани бинои иловагии муассисаи мазкур хонандагон бо шароити мусоиди таълимӣ фаро гирифта шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки синфхонаҳои иловагӣ барои 96 ҷойи нишаст дар назди филиали муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №41 аз ҷониби падару модарон ба маблағи умумии 990 ҳаз. сомонӣ бунёд гардида, иншооти мазкур аз як ошёна иборат буда дорои 4-синфхона мебошад.

Лоиҳаи иншоот аз ҷониби КФ КВД “Лоиҳакаш”-и шаҳри Кӯлоб таҳия гардидааст.
Дар муассисаи мазкур 400-хонанда ба таҳсили фаро гирифта шуда, 24-нафар омӯзгорони соҳибтаҷриба кору фаъолият мекунанд.

Ҳамзамон дар муассисаи таълимии №41-и шаҳри Кӯлоб барномаи Е хониш ба намоиш гузошта шуда, дар бораи фаъолияти таҷрибавӣ маълумот доданд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода