САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ ҚОҲИР РАСУЛЗОДА ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ"ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ"- РО ДАР НОҲИЯИ ВОСЕЪ ҚАДРДОНӢ НАМУД.
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 27 ноябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 4
26 ноябри соли 2024 бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикстон Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлатӣ Саид ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб сафари корӣ анҷом доданд.
Дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Восеъ бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлатӣ Саид бинои иловагии таълимӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №54, бинои Ҷамоати деҳоти Гулистон, бинои иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56, бинои иловагӣ дар назди мактаби №53 ва бинои иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №72 мавриди истифода қарор дода бо ҷоизадорони озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” вохӯрӣ анҷом доданд ва онҳоро ба таври зайл: дорандаи Шоҳҷоизаи озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” 10 ҳазор, ҷойи дуюм 3 ҳазор ва ҷойҳои сеюм 2 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ намуданд.
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода зимни суҳбат ба ҷоизадорони қайд намуданд, ки муҷиби ифтихор ва шоёни таҳсин аст, ки аз шарафи сиёсати хирадбунёду ояндасози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар як қатор озмунҳои ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад. Дар ин миён соли шашум аст, ки таҳти сарпарастии Сарвари фарҳангсолори давлат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо), омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон, намояндагони касбу кори гуногун ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар баргузор мешавад.
Дар охир Сарвазири мамлакат ба ҷоизадорони озмун ва роҳбарони онҳо, хоса омӯзгорон барору муваффақият таманно намуда, баҳри хизмати софдилона намудан ба давлату миллат таъкид дошт.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00