БАЛҶУВОН. ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГИИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ №5
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 26 ноябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Маориф ва илм / Хабарҳо, Боздид 136
Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Балҷувон раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим ва раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Нусратулло дар маросими ифтитоҳи бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и деҳаи Солмолидашт ширкат варзиданд.
Иншооти мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағи 4,2 миллион сомонӣ сохта шудааст.
Масоҳати умумии замини иншоот 10000 метри квадратӣ ва масоҳати зери сохтмон 350 метри квадратиро ташкил медиҳад.
Бинои дуқабата таълимӣ аз 8 синфхона, утоқи директор ва хонаи омӯзгорон иборат буда, барои 480 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00