Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР БАЛҶУВОН БИНОИ ИЛОВАГИИ МАКТАБИ №4-РО ИФТИТОҲ НАМУД


РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР БАЛҶУВОН БИНОИ ИЛОВАГИИ МАКТАБИ №4-РО ИФТИТОҲ НАМУД




25 ноябр зимни сафари корӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар деҳаи Охбулоқи Ҷамоати деҳоти "Тоҷикистон"-и ноҳияи Балҷувон бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4-ро мавриди истифода қарор дод.

Бо ба истифода додани бинои иловагии муассисаи мазкур хонандагон бо шароити мусоиди таълимӣ фаро гирифта шуданд.

Иншооти мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст. 

Корҳои лоиҳакашии иншоотро ташкилоти лоиҳакашии «Инжиниринг Консултантсенд Ассосиатес Лимитед» бо маблағи 4,2 миллион сомонӣ анҷом дода, корҳои пудратиро бошад, мутахассисони ҶДММ «Элит-Строй-Сервис» амалӣ намудаанд.

Масоҳати умумии замини иншоот 5000 метри квадратӣ ва масоҳати зери сохтмон 300 метри квадратиро ташкил медиҳад.

Бино аз ду ошёнаи дорои 8 синфхона, ҳуҷраи кории директор ва хонаи омӯзгорон иборат мебошад ва барои 480 хонанда дар ду баст бунёд гардидааст. Дар рафти корҳои сохтмонӣ 20 нафар сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб шудаанд.

Зимни шиносоӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба кори сохтмончиён баҳои баланд дода, барои беҳтар кардани сифати таълиму тарбия, фаъолияти босамар ва истифодаи судманди имкониятҳои таълимӣ ба омӯзгорон дастуру тавсияҳои муфид дод.



Раиси вилоят аз синфхонаҳои муассисаи таълимӣ дидан намуда, аз рафти омӯзиши фанҳои тадрисшаванада бо омӯзгорон ва хонандагон суҳбат орост. Зимни суҳбат омӯзгоронро барои соҳибмаълумот намудани насли наврас, дар руҳияи хештаншиносӣ ба камол расондани онҳо даъват намуда, хонандагонро бештар барои аз худ кардани донишҳои муосир, махсусан омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва технологияи нав ҳидоят кард.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳтар кардани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот давоми солҳои соҳибистиқлолӣ шароити зарурӣ муҳайё менамояд.

Чун маориф дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар авлавият қарор дорад, сол то сол маблағгузорӣ ба ин соҳа бештар карда мешавад.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода