Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ТАЪМИНИ ҲИФЗИ СИРРИ ДАВЛАТӢ ВА ТЕХНИКИИ ИТТИЛООТ


ТАЪМИНИ ҲИФЗИ СИРРИ ДАВЛАТӢ ВА ТЕХНИКИИ ИТТИЛООТ




Имрӯз дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон конференсияи минтақавӣ дар мавзуи "Масъалаҳои таъмини ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар вилояти Хатлон: таҳлили вазъ ва дурнамо" бо иштироки васеи кормандони мақомоти давлатӣ ва идораҳои дахлдор доир гардида, муҳимтарин масъалаҳои соҳа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Конференсияи минтақавӣ бо мақсади баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои марбут ба фаъолияти соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар кишвар, дарки муҳиммият ва нозукиҳои ин самти фаъолият, баланд бардоштани савияи касбии масъулони низоми махфияти мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо, пайдо намудани роҳҳои бартарафсозии камбудиву мушкилиҳои ҷойдошта дар фаъолияти онҳо ва таъмини амнияти иттилоотӣ дар кишвар дар доираи “Барномаи давлатии таҳкими ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026” доир карда шуд.

Конференсия бо сухани ифтитоҳии Музаффар Мирзозода, муовини якуми раиси вилояти Хатлон, оғоз гардид. Мавсуф дар мавзуи “Масъалаҳои ҳалталаби соҳаи сирри давлатӣ дар мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои вилояти Хатлон: иқдомҳои андешидашуда ва натиҷаҳои он" андешаронӣ намуд.

 


Сипас, Аҳтам Абдуллозода, сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мавзуи "Масъалаҳои асосии таъмини ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: камбудиҳои ҷойдошта ва роҳҳои бартараф намудани онҳо" суханронӣ намуда, доир ба масъалаҳои омода намудани кадрҳои соҳа, такмили савияи касбии кормандони мақомоти давлатӣ ва ташкилот, таъминоти моддию техникии соҳа бо назардошти таҷрибаи байналмилалӣ маълумот дод.

Дар идомаи ин конференсия Дилноза Аҳмадзода, муовини сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ, дар мавзуи "Таҳлили вазъи ҳифзи техникии иттилоот дар мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои вилояти Хатлон", А. Давлатов, муовини сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, дар мавзуи "Мубрамияти ҳифзи сирри давлатӣ дар мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои наздисарҳадии вилояти Хатлон”, Мирзоалӣ Раҳимзода, муовини якуми прокурори вилояти Хатлон, дар мавзуи “Зарурати таҳкими назорати соҳавӣ дар шароити бештар шудани гардиши ҳуҷҷатҳои электронии дастрасиаш маҳдуд”, Шамсулло Аҳёзода, муовини раиси Суди вилояти Хатлон, дар мавзуи “Масъалаҳои таҳкими ҳифзи сирри давлатӣ дар мақомоти судии вилояти Хатлон: мушкилот ва роҳҳои ҳалли он”, Олимҷон Шарифзода, муовини сардори Раёсати Вазорати корҳои дахилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, дар мавзуи “Таъмини ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар сохтори мақомоти корҳои дохилӣ: масъалаҳои актуалӣ-ҳуқуқӣ” ва Сафарҷон Салимзода, сардори Раёсати Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ дар вилояти Хатлон, дар мавзуи “Баланд бардоштани мавқеи масъулони мақомоти низоми махфият ва таҳкими робитаи хизматӣ бо онҳо ҳамчун омили ҳифзи боэътимоди сирри давлатӣ” бо дарназардошти рушди техника ва технологияи муосир, роҳандозӣ гардидани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти ҳукумати электронӣ ва рақамикунонии иқтисоди миллӣ, баррасии масъалаҳои ҳифзи иттилоот аз ҷониби маърӯзакунандагон мавриди таҳлил қарор гирифтанд.

 


Ҳамзамон, масъалаҳои ҳифзи боэътимоди иттилооти дастрасиаш маҳдуд баррасӣ шуда, доир ба роҳҳои ҳалли мушкилоти техникию инфрасохторӣ ва таъминоти кадрӣ пешниҳодҳои мушаххас манзур гардиданд.

 Комрони БАХТИЁР, “Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода