Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Дар зери Парчами давлатӣ ҳамеша муттаҳиду сарҷамъ бошем


Дар зери Парчами давлатӣ ҳамеша муттаҳиду сарҷамъ бошем




ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҳамдиёрони азиз!

Мояи  ифтихор  ва  сарбаландист,  ки  имрӯз  сокинони  сарбаланди  Тоҷикистони  биҳиштосо  бо  ифтихору шукргузорӣ  аз  давлату  давлатдории  миллӣ  дар  фазои орому осудаи кишвар санаи муҳимми таърихӣ – 32-юмин солгарди қабули Парчами давлатиро бошукӯҳ таҷлил менамоянд.  Бо  истифода  аз  фурсати  муносиб  тамоми  мардуми шарифи  вилояти  Хатлонро  ба  ифтихори  Рӯзи  Парчами давлатӣ самимона табрик гуфта, ба ҳар як хонадон бахту иқбол, ба Ватани азизамон амнияту осоиш ва рушди устуворро орзумандам.

Парчам дар ҳама давру замон рамзи давлати миллӣ дониста  шудааст.  Чунонки  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд:  “Парчами  давлатӣ  барои  мардуми  шарафманди Тоҷикистон  ҳамчун  рамзи  ватандорӣ,  нангу  номус,  худшиносиву  худогоҳӣ  ва  ваҳдати  миллӣ  хизмат  мекунад ва  ба  мо  дар  ҷодаи  ободониву  созандагии  сарзамини аҷдодиамон рӯҳу илҳоми тоза мебахшад”. 

Пайдоиши  парчам  реша  дар  таърихи  беш  аз шашҳазорсолаи  давлатдории  тоҷикон  дошта,  достони  «Коваи  оҳангар»-и  Ҳаким  Фирдавсӣ  оғози  парчамдорӣ дар дунёст ва дар осори гузаштаи дури тоҷикон доир ба арҷгузорӣ ба дирафши коваёнӣ ва рангҳои ҳикматбори дирафш суханҳои ҷолиб гуфта шудааст.

Мутаассифона,  дирафши  миллӣ  ва  то  расидан  ба 
истиқлоли  давлатӣ,  яъне  то  Иҷлосияи  сарнавиштсози XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки чанд рӯз пеш 32-солагии он таҷлил гардид, дигар барафрохта нашуд. 

Ёдовар бояд шуд, ки кишвари соҳибистиқлоли мо низ бар асари бесарусомонӣ ва кашмакашҳои дохилӣ беш аз як сол рамзҳои давлатдории худ, аз ҷумла Конститутсия, Суруди миллӣ ва Парчаму Нишони давлатӣ надошт. Раванди давлатсозии мо маҳз аз ҳамин Иҷлосияи таърихӣ оғоз гардид ва аз ин лиҳоз, ин рӯйдоди тақдирсоз барои мардуми шарифи Тоҷикистон ҷашни бузург ва таърихӣ ба ҳисоб меравад. 

Мо  шоҳиди  он  будем,  ки  дар  Иҷлосияи  тақдирсози XVI  Шурои  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  лаҳзаҳои арҷгузории Парчами миллӣ бо як эҳсосоти фарогир сурат  гирифт.  Сарвари  ҷавони  кишвари  рӯ  ба  озодиву осоиштагӣ оварда муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун  давомдиҳандаи  мероси  ҳазорсолаҳои тоҷикон  дар  назди  омма  ба  рағми  садоқату вафодорӣ,  парчами  ба  тозагӣ  офаридаи  давлати навини тоҷиконро бӯсида буд.

Оини  бостонии  парчамдорӣ  дар  тӯли  таърихи дуру дарози тоҷикон имкон фароҳам овард, ки миллати сарбаланди мо таҳти ин рамзи ватандорӣ дар муқобили  ҳама  гуна  таҳдидҳо  истодагарӣ  карда, мероси ғании ниёгон, арзишҳои бостонии миллӣ ва дар маҷмӯъ, ҳастии миллати худро ҳифз намояд.

Соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо  роҳи  раъйпурсии  умумихалқӣ  қабул  шуд  ва  ин рамзи  муқаддаси  миллии  мо  имрӯз  дар  тамоми гӯшаву канори кишвар парафшонӣ мекунад ва барои  дастоварду  пирӯзиҳои  фарзандони  арзандаи миллат  дар  кишварҳои  гуногуни  олам  баробари садо додани Суруди миллӣ афрохта мешавад.

Парчами давлатии мо бо се ранги худ баёнгари ҳувият, таърих ва моҳияти давлати тоҷикон ва далели возеҳи соҳибватаниву соҳибистиқлолии мо ба шумор меравад.

Понздаҳ  сол  пеш,  соли  2009,  ба  нишони эҳтирому  арҷгузорӣ  ба  ин  рамзи  нангу  номуси ватандорӣ Парчами давлатии Тоҷикистон дар пояи баландтарин афрохта шуд, ки имрӯз мояи ифтихори  ҳар  як  шаҳрванди  бонангу  номус  буда,  майдо-ни  ҷойгиршавии  он  макони  дӯстдоштаи  сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе гардидааст.

Дар  партави  ин  иқдом  имрӯзҳо  дар  тамоми шаҳру  навоҳии  вилояти  Хатлон  низ  майдонҳои рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла пояҳои Парчам ва Нишони давлатӣ бунёд гардида, ливои озодию истиқлол партавафшон мешавад.

Имсол  ду  медали  биринҷӣ,  аз  қаҳрамонони ҷудои бозиҳои Олимпӣ-2024 Темур Раҳимов, Сомон Маҳмадбеков ва 1 медали биринҷӣ аз риштаи бокс Давлат  Болтаев  ба  хазинаи  медалҳои  кишвар  зам гардид,  ки  ҳангоми  ҷоизасупорӣ  Парчами  давлатӣ баланд  гардид,  ки  ин  ифтихори  тамоми  мардуми сарбаланду паҳлавонпарвари меҳан мебошад.

Қобили  тазаккур  аст,  ки  бо  ҳифзу  тақвияти риштаҳои  гуногуни  варзиш  ва  ғамхорию  дастги-рии  пайвастаи  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ  - Пешвои  миллат,  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ дар кишвар соҳиби эътибори хоса гар-дида,  мунтазам  рушд  меёбад.  Ҳамасола  ҷавонону варзишгарони  вилояти  Хатлон  низ  дар  сатҳи байналмилалӣ  музаффарият  ба  даст  оварда,  дар мусобиқаҳои  ҷаҳонӣ  Парчами  давлатиро  баланд мебардоранд. 

Варзишгарони вилояти Хатлон дар даҳ моҳи соли ҷорӣ  дар  35  мусобиқаи  байналмилалии  рейтингӣ ширкат варзида, сазовори 34 медали тилло, 17 ме-дали нуқра, 61 медали биринҷӣ, ҳамагӣ 112 медал гардиданд. Дар озмунҳои байналмилалии зеҳнӣ ҳам хонандагони вилоят соҳиби 446 медал, аз ҷумла 54 тилло, 165 нуқра ва 227 медали биринҷӣ гашта, шарафи Тоҷикистони азизро ҳифз намуданд ки ба ин муносибат  Парчами  давлатӣ  баланд  барафрохта шуд. 

Ҳар яки мо вазифадор ҳастем, ки дар зери Пар-чами давлатӣ муттаҳид бошем, барои ҳимояи марзу буми Ватани азизамон, пойдории давлату давлатдории навинамон ҳамеша саъю кӯшиш кунем, зиракии сиёсиро аз даст надода, манфиатҳои милливу дав-латии худро ҳифз намоем.

Махсус таъкид мекунам, ки рӯйдодҳои охири ҷаҳони муосир нишон дод, ки воқеаҳои даҳшатноку фоҷиабор, ки дар натиҷаи бархӯрди манфиатҳои қудратҳои сиёсии ҷаҳонӣ ба амал меоянд, барои хатару таҳдидҳои нав, ба монанди вусъат ёфтани фаъолияти гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ замина фароҳам оварда, ба амнияти давлатҳо таҳдид менамоянд.

Аз ин лиҳоз, ҳар яки моро зарур аст, ки ба масъалаи  суботу  амнияти  Тоҷикистони  азиз  ва  ҳифзи давлату давлатдорӣ диққати боз ҳам бештар дода, зиракии  сиёсиро  аз  даст  надиҳем  ва  манфиатҳои миллии худро ҳамеша ҳифз намуда, дар зери Парчами давлатӣ ҳамеша муттаҳиду сарҷамъ бошем.

Эътимоди комил дорам, ки мардуми сарбаланди вилояти Хатлон зери Парчами давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат, ки поягузори сулҳу ваҳдати  миллӣ,  бунёдгузори  давлатдории  навин мебошанд,  беш  аз  пеш,  бо  сидқу  вафо  дар  атро-фи Пешвои маҳбубу муаззами миллат муттаҳидтар шуда, дар татбиқи сиёсати инсонпарварона ва фар-досозашон  ҳамеша  ҳамдасту  ҳиссагузор  хоҳанд буд.

Бо  боварӣ  метавон  гуфт,  ки  аҳли  заҳмат   ва фаъолони  вилоят  бо  ҳидояту  дастгириҳои  бевоситаи  Пешвои  миллат  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон барои  боз  ҳам  ободу  зебо  гардонидани  кишвари маҳбубамон - Тоҷикистони соҳибистиқлол ва сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  аз  тамоми  захираву  имкониятҳои  мавҷуда  истифода  карда,  рушди соҳаҳои иқтисодӣ, истеҳсолӣ ва иҷтимоиро таъмин менамоянд. 

Рӯзи Парчами давлатӣ муборак, ҳамдиёрони азиз!

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода