ТАНТАНАҲОИ ИДОНА БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 24 ноябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 100
Санаи 24.11.2024 ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб ҳамоиши мутантан ва роҳпаймоии идона баргузор гардид.
Дар чорабинии идона раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек, масъулину кормандони ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ, кормандони ВАО-и кишвар, собиқадорону фаъолони соҳаҳои гуногун ва ҳамчунин дигар сокинони касбу кори гуногун фаъолона иштирок намуданд.
Пеш аз роҳпаймоии идона ҳайати меҳмонон ва иштирокдорони чорабинӣ ба хотири гиромидошт ва эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ дар пояи Парчами давлатӣ, ки дар назди бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб қомат афрохтааст гулчамбар гузоштанд.
Дар ин чорабинии фараҳбахш ва идона ҳазорон нафар шаҳрвандони синну соли гуногун бо шиору овезаҳо ва руҳияи болидаи идона, бо дарки руҳияи худогоҳиву худшиносӣ ва ифтихори ватандорӣ аз майдони марказӣ то Қасри фарҳанги ба номи Рустами Абдураҳими шаҳри Кӯлоб роҳпаймоӣ намуданд.
Пас аз роҳпаймоии идона дар Қасри фарҳанги ба номи Рустами Абдураҳими шаҳри Кӯлоб қисмати тантанавии ҳамоиш барпо гардид.
Раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр иштирокдорон ва сокинони шаҳро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, бо ёдоварӣ аз таърихи қабули Парчами давлатӣ қайд намуд, ки пайдоиши парчам реша дар таърихи беш аз шашҳазорсолаи давлатдории тоҷикон дошта, достони «Коваи оҳангар»-и Ҳаким Фирдавсӣ оғози парчамдорӣ дар дунёст ва дар осори гузаштаи дури тоҷикон доир ба арҷгузорӣ ба дирафши коваёнӣ ва рангҳои ҳикматбори дирафш суханҳои ҷолиб гуфта шудааст.
Парчами давлатӣ муаррифгари тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ ва мояи ифтихори мо ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон мебошад. Парчами давлати соҳибихтиёри мо нишонаи таъриху фарҳанги бостониву пурғановати миллати тоҷик буда, ҳар як фарди ҷомеаро вазифадор менамояд, ки ба ин рамзи муқаддаси миллӣ арҷ гузорад. Воқеан, Парчами давлатӣ омили муайянкунандаи ҳувияти миллӣ ва тақвият пайдо кардани ҳисси милливу ифтихори ватандорӣ дар шуури ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа мебошад, илова намуд раиси шаҳр.
Дар идома ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек доир ба арзиш ва гиромидошти Парчами давлатӣ суханронӣ намуда, иброз дошт, ки Парчами давлатии мо, ки бо тобиши рангҳои сурх ҳамчун рамзи озодиву истиқлол, сафед — сулҳу оромӣ, сабз — ободию хуррамӣ ва тоҷи соҳибдавлатӣ бо ҳафт ситораи дурахшон инъикоси тамаддуни оламгир, фарҳанги деринбунёди давлатдорӣ, масири пуршарафи ватанхоҳӣ ва қаҳрамониҳои фарзандони ҷонфидои миллат, шоҳкориҳои илму фан ва шаҳрсозию тинати ободкорию созандагии мардуми мо мебошад, таҳти сиёсати хирадбунёду сулҳҷӯёнаи Пешвои муаззаму маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар марҳилаи навини давлатдории миллӣ моро ба дастовардҳои нодири сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ ташвиқ намуд.
Ба қавли Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло, рангҳои сурху сафеду сабзи Парчами давлатӣ рангҳои ишқу умеду шукуфоиянд, ранг¬ҳои нишоту некию ҳимматанд, он рангҳои дурахшони зиндагиянд, ки аз онҳо мешавад ҳама рангҳои дигарро бунёд ниҳод. Парчами мо нишонаи муҳаббати мо ба башар, ба инсоният аст, ишора ва даъватест ба осоиштагӣ ва амонии тамоми сайёра. Парчами мо нишони руҳи бешикаст ва иродаи мустаҳками миллати мост, ки аз асрҳо, обу оташи маргбори замонаҳо, овардҳои хунини замонаҳо гузаштаю пойдор мондааст:
Эй, танида аз матои сад ҳазорон ҷисму ҷон!
Эй, фурӯғи ашку хуну ҳикмати озодагон!
Бо ҳазоронсола таърих аз пасат саф мекашем!
Мо туро чун ганҷи ҷони хеш дар каф мекашем!
Дар ҳамовозӣ бо ин таровишҳои қалби пуртуғёни шоири ватансаро таманнои онро мекунем, ки Парчами давлатии Тоҷикистони азиз ҳамчун рамзи бақои миллат, якпорчагии давлат, ваҳдату ҳамдилӣ, нангу номуси ватандорӣ ва муҳаббату садоқат ба Ватани аҷдодӣ то абад партавафшон ва роҳнамои наслҳои миллати сарафрозу соҳибтамаддун ба сӯйи қуллаҳои мақсуд бошад, таъкид дошт ректори донишгоҳ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек дар идомаи суханронии хеш.
Қисмати дигари чорабинӣ бо барномаи ҳунарӣ ва фарҳангии омоданамудаи ҳунармандони Қасри фарҳанг ва сарояндагони машҳури ҷумҳурӣ аз қабили Зиёвиддини Нурзод, Сурӯш Холов, Нигора Холова ва дастаи ҳаҷвнигорони “Ғарибшо компания”, ки саршор аз суруду таронаҳои тараннумкунандаи сулҳу ваҳдат, дӯстӣ, бузургии сарзамини аҷдодӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасот ва рамзи давлатдориву ойини худшиносӣ-Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, садо доданд.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00