Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » МАЛИКА ҲАСАНОВА ШОҲҶОИЗАРО СОҲИБ ШУД


МАЛИКА ҲАСАНОВА ШОҲҶОИЗАРО СОҲИБ ШУД




Малика Ҳасанова имрӯз дар ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" бо Шоҳҷоиза ва 70 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ гардид.

Малика Ҳасанова - хонандаи синфи 11-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 51-и шаҳри Кӯлоб аз номинатсияи адабиёти кӯдакон иштирок кард.

Тӯли панҷ сол мешавад, ки дар Озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" ширкат менамояд ва дар чор соли гузашта ду маротиба ҷойи ифтихорӣ ба даст овардааст. 

Ӯ зиёда аз 600 китоб, 250 афсона, 250 ҳикоя мутолиа намуда, 120 ғазал, 250 рубоӣ, 250 чистон, 100 панд, 300 тезгӯяк, 300 зарбулмасал азбар намудааст.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода