Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » РАҲМОН ДИЛШОД ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ "ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ" ВА РОҲБАРОНИ ОНҲОРО БО ДИПЛОМ ВА МУКОФОТҲОИ ПУЛӢ ҚАДРДОНӢ НАМУД


РАҲМОН ДИЛШОД ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ "ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ" ВА РОҲБАРОНИ ОНҲОРО БО ДИПЛОМ ВА МУКОФОТҲОИ ПУЛӢ ҚАДРДОНӢ НАМУД




Дар ҳошияи истиқбол аз гиромидошти Рӯзи Парчами давлатӣ, ки дар қасри фарҳанги шаҳри Кӯлоб чорабинии фарҳангӣ бо як шукуҳу шаҳомати хоса баргузор гардид. Ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек ғолибон ва роҳбарони даври ниҳоии озмуни ҷумҳуривии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”-ро бо  диплом ва мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ намуд.

Ректори Донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек қайд намуданд, ки муҷиби ифтихор ва шоёни таҳсин аст, ки аз шарафи сиёсати хирадбунёду ояндасози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар як қатор озмунҳои ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад. Дар ин миён соли шашум аст, ки таҳти сарпарастии Сарвари фарҳангсолори давлат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо), омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон, намояндагони касбу кори гуногун ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар баргузор мешавад.



Ошёни гуфтан аст, ки дар даври ҷумҳуриявии озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" 5 нафар донишҷӯёни Донишгоҳ иштирок намуда, 3 нафари онҳо музаффарият ба даст оварданд, аз ҷумла: 

Гулизори Абдуқодир - донишҷӯи курси сеюми факултети химия ва биология аз рӯйи номинатсияи "Адабиёти классикии тоҷик" сазовори ҷойи якум - 5000 ҳазор сомонӣ; 

Саида Бобоева – магистранти соли дуюми факултети филология хориҷӣ аз рӯйи номинатсияи "Адабиёти ҷаҳон" сазовори ҷойи сеюм - 3000 ҳазор сомонӣ; 

Зиёвуддин Дустмуҳаммадзода - донишҷӯи курси чоруми факултети филология тоҷик ва журналистика сазовори ҷойи сеюм - 3000 ҳазор сомонӣ;

Мафтунаи  Сафархон - донишҷӯи  курси  дуюми  факултети филологияи  тоҷик  ва  журналистика барои иштироки фаъолона дар даври ниҳоии озмун бо сипоснома ва мукофотпулӣ дар ҳаҷмӣ 1000 сомонӣ;

Аҳмадзода Сафина - донишҷӯи курси сеюми факултети  физика ва  математика барои иштироки фаъолона дар даври ниҳоии озмун бо сипоснома ва мукофотпулӣ дар ҳаҷмӣ 1000 сомонӣ қадрдонӣ гардиданд.

Ҳамзамон 3 нафар устодони онҳо барои заҳматҳои пайваста ва омода намудани шогирдон ба озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст"  бо диплом ва мукофоти пулӣ ба тариқи аз ду то як маоши вазифавӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода