ВОХӮРИИ СУДМАНД БО КОРМАНДОНИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚ ВА МУОВИНОНИ СОҲАВИИ РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ КӮЛОБ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 21 ноябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 111
Имрӯз, 21 ноябри соли равон дар маҷлисгоҳи Маҷмуаи қароргоҳи раиси вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб вохӯрии судманд бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва муовинони соҳавии шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, мудирони шуъба ва бахшҳои маориф, кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон ва варзиш, дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, сархатибон ва имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ, котибони мақомоти васояту парастории шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, собиқадорони меҳнат, дар мавзӯи «Пешгирии хурофотпарастӣ ва ифротшавии ҷомеа» бо иштироки муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода,Сардори Раёсати Вазорати корҳои дохила дар вилояти Хатлон, генерал лейтенанти милитсия - Назарзода Шариф, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, баргузор гардид.
Раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр ҷаласаро оғоз намуда, ҳадафи баргузории чорабинии имрӯзаро ба ҳозирин шинос намуд.
Сипас, Назарзода Шариф доир ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз мулоқот бо намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони дини кишвар, ки ироа карда буданд, натиҷагирӣ намуд. Аз ҷумла қайд намуд, ки мақсади асосии ин ҷаласа пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракат ва гурӯҳҳои ифротӣ, тарбияи дурусти онҳо аз тарафи оила, ҷомеа ва мактаб, тарғибу ташвиқи фарҳанги либоспӯшӣ, барҳам додани хурофотпарастӣ, исрофкорӣ дар тӯю маросими миллӣ, назорати ҷиддӣ дар рафтору кирдори фарзандон, махсусан онҳое, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷи кишвар қарор доранд, роҳандозӣ шудааст.
Инчунин, доир ба содиршавии ҷиноят аз тарафи занон ва ноболиғон дар вилояти Хатлон дар 10 моҳи сипаригардида нисбати соли гузашта, натиҷагирӣ намуд.
Абдусаломзода Анзурат зимни суханронӣ оид ба баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ байни ҷавонон, сафарбарии онҳо ба хизмати ҳарбӣ, эмин нигоҳ доштани оинҳои миллӣ, пешгирии пошхӯрии оилаҳои ҷавон, ҷалби хатмкунандагони мактабҳои миёнаи умумӣ ба макотиби олӣ ва миёнаи касбӣ, тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, аз байн бурдани либоси ба фарҳангу оини мо бегона, ба касбу шуғл фарогирии ҷавонон, идома додани тарғиби либоси миллӣ таҳти «Тоҷикона мепӯшем», ибрози назар кард.
Дар ҷаласаи мазкур собиқадорон ва фаъолони минтақа фикру назари худро оид ба масъалаи мубрами рӯз баён намуда, якчанд таклифу пешниҳод намуданд.
Дар ҷамъбасти ҷаласа ба масъулин ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ супоришҳои дахлдор оид ба идома додани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ аз тарафи гурӯҳҳои корӣ «Усули хона ба хона» оид ба расонидани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз мулоқот бо намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони дини кишвар дар мавзуҳои хурофотпарастӣ, исрофкории барзиёд зимни баргузории ҷашну маросими миллӣ ироа карда буданд, дода шуд.
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...