МУЛОҚОТ БО НАМОЯНДАГОНИ ШИРКАТИ «БАҲОР ГУЛЛАРИ»-И ӮЗБЕКИСТОН
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 21 ноябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Арсаи кишоварзӣ / Хабарҳо, Боздид 85
Директори кулли Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон Наҳтуллозода Давлатмурод бо намояндагони ширкати «Баҳор гуллари»-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон мулоқот анҷом доданд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон ширкати "Баҳор Гулларӣ" дар Тошканд боғи ниҳол ва гулу гулбуттаҳои ороишӣ дошта, ба кабудизоркунӣ машғул аст. Ширкат дарахтон ва растаниҳои ороиширо аз кишварҳои Ҳолланд, Италия, Белгия, Олмон ворид карда, ба муҳит мутобиқ менамояд пас аз парвариш ба дигар кишварҳо низ содирот мекунад.
Дар мулоқот оид ба нигоҳ доштан ва парвариши растаниҳо, дарахтони ороишӣ, табодули таҷриба ва содирот мубодилаи афкор сурат гирифт.
Роҳбарияти Палата бо олимону мутахассисони соҳаи кишоварзии хориҷи мамлакат ҳамкории судмандро ба роҳ монда, дар самти воридоту парвариши дарахтони нодир ва мутобиқ гардондани ниҳолҳо ба иклими ҷумҳурӣ тадбирҳои муҳимро амалӣ менамояд.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...