Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ҶАЛАСАИ КОРИИ НАЗДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН


ҶАЛАСАИ КОРИИ НАЗДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН




Имрӯз, 18 ноябр, бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҷаласаи корӣ баргузор гардид.

Раиси вилояти Хатлон вобаста ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сафари охири корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилоят, ҷамъоварӣ ва чиниши пахта, иттилоот, ташвиқу тарғиби дастовардҳои соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, дурнамои кишти картошка, хизматрасонии соҳаи об, ниҳолшинониву кабудизоркунӣ, саноат, андозсупорӣ, вусъати корҳои идеологӣ, омодагӣ ба фасли зимистон, дастгирии соҳибкорон, ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ суханронӣ намуда, ба масъулон ҷиҳати ҳалли мушкилоти ҷойдошта дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Таъкид шуд, ки барои боз ҳам ободу зебо гардонидани вилоят ва сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми захираву имкониятҳои мавҷуда истифода карда, рушди соҳаҳои иқтисодӣ, истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ таъмин карда шавад.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода