КВОТАИ ПРЕЗИДЕНТӢ Иқдоми беназири Пешвои миллат
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 16 ноябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Ҷавонон ва варзиш / Хабарҳо, Боздид 0
Ғамхориҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дохил шудан ба муассисаҳои олии кишвар ва ташкили Квотаи президентӣ дар таъмини муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорон мавқеи муҳим дорад.
Аз соли 1997 сар карда то имрӯз 11095 нафар ҷавонони вилояти Хатлон тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 16 муассисаи олии касбии ҷумҳурӣ дохил шуда, 7239 нафари онҳо донишгоҳу донишкадаҳоро хатм намуданд, ки шумораи зиёди онҳо айни замон дар вазифаҳои мухталиф фаъоли-яти пурмаҳсул доранд.
Сайрамбӣ Ҷалилова аз зумраи он нафароне мебошад, ки аввалин маротиба соли 1998 тариқи Кво-таи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишгоҳ дохил шуда, таҳсили илм намудааст. Аз соли 2003 то ин ҷониб дар вазифаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳияи Муъминобод фаъолият дорад.
ТАЪСИСИ КВОТАИ ПРЕЗИДЕНТӢ
Таъсиси Квотаи президентӣ барои ба таҳсил фаро гирифтани духтарони деҳоти дурдаст яке аз бузургтарин ва беҳтарин иқдомҳои саривақтии Президенти кишвар дар роҳи баланд бардоштани мавқеи занон дар ҷомеа ба ҳисоб меравад. Ин иқдом орзуи ҳазорон ҷавонони деҳотиро, ки имкони дохил шудан ба донишгоҳро надоштанд, амалӣ гардонд. Чӣ тавре ки Сайрамбӣ Ҷалилова, қаҳрамони матлаб, зимни суҳбат иброз дошт: “Барои ман низ, дар баробари ҳазорон духтарони кӯҳистонӣ дар он шароити душвор идома додани таҳсил ғайриимкон буд. Замони таҳсил дар мактаби миёна дар дил орзуи соҳибкасбу соҳибилм гардидан доштам, вале аз сабаби он, ки шароити зиндагӣ дар он давра бисёр душвор буд ва оилаи мо имкони пардохти шартномаи донишгоҳ ва дигар хароҷотро надошт, хомӯшона ашки ҳасрат мерехтам. Ягона орзуям ба макотиби олӣ дохил гардидану идома додани таҳсил буд.
Хушбахтона, таъсиси квотаи президентӣ аз ҷониби Сарвари давлат дари умедро бароямон кушод ва орзуи деринаи соҳибкасбу соҳибилм гардидани моро амалӣ гардонид. Ман яке аз аввалин духтарони хушбахт будам, ки аз ин ғамхории падаронаи Сарвари давлат бархӯрдор гардидам”.
Квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳоле таъсис ёфт, ки на ҳама волидайн барои таҳсили духтаронашон дар донишгоҳҳо махсусан дар пойтахти кишвар иҷозат медоданд. Аммо саъю талош ва майлу рағбати беандозаи Сайрамбӣ ба таҳсил ва илмомӯзӣ буд, ки ин имкониятро истифода намуда, ба сӯйи қуллаи мурод роҳсипор гардид.
Ӯ мегӯяд: “Падарам гуфтанд, ки духтарам, иқдоми наҷибонаи Президенти кишвар маҳз ба хотири шумо - ҷавонони толибилм роҳандозӣ гардидааст. Ин имконияти туст, рав, хон ва бо сари баланд баргард”.
Бо дуои неки қиблагоҳам роҳ ба пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе, шаҳри амалиша-вии ормону орзуҳо рафтам”.
ДАРГОҲИ МУВАФФАҚИЯТ
Сайрамбӣ Ҷалилова аз хурдсолӣ ягона роҳи муваффақ шудану расидан ба қуллаи муродро дар таҳсил кардану дониш андӯхтан медонист. Ӯ соли 1998, баъди хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳияи Муъминобод тибқи Квотаи президентӣ ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе, факултаи филологияи тоҷик дохил гардид. Инчунин, ба Маркази таълимии «Зан-Сарвар» дохил шуда, аз курсҳои панҷсолаи махсуси сарварӣ, забонҳои русию англисӣ, технологияи информатсионӣ, санъати сухан ва силсила тренингҳо тарзу усулҳои роҳбариро гузаштааст. Соли 2003 Донишгоҳи номбурдаро бо муваффақият хатм карда, ҳамчун омӯзгори ҷавон фаъолияти кориашро оғоз намудааст.
АЗ ОРЗУ ТО АМАЛ
Дар макотиби олӣ таҳсил намудану дар роҳи толибилмӣ қадам задан орзуи деринаи аксари занону бонувони манотиқи кӯҳистони кишвар ба ҳисоб меравад. Солҳои қабл касе тасаввур карда наметавонист, ки таъсиси квота як таҳаввулоти бисёр муҳиме дар рӯзгори занону духтарони тоҷик мегардад. Таърих чунин имтиёзу ғамхориро нисбати Зан-модар ва духтари тоҷик дар ёд надорад.
Роҳандозии ин ва дигар иқдомҳо барои баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа гувоҳи он мебошанд, ки дар Тоҷикистон ба Зан-модар эҳтироми хоса гузошта шуда, Пешвои маҳбуби миллат ба ин неруи созанда эътимоду боварии комил доранд.
Сарвари давлат барои зани тоҷик шароит фароҳам овард, то неруи созандаи худро баҳри ободию пешравии кишвар сарф намуда, дар ҳама ҷабҳаҳои ватансозӣ дар ба-робари мардон содиқона ширкат варзад.
Ҳамасола дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президен-ти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши бонувону занон низ дар эъмори ҷомеаи демократӣ ва дунявӣ махсус зикр мегардад. Имрӯз дар кишвар соҳае нест, ки занону бонувони тоҷик дар он фаъолияти пурсамар надошта бошанд. Пешвои миллат қайд кардаанд: “Занону бонувон дар баробари фаъолият дар соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла илму маориф, хизмати давлатӣ, кишоварзӣ ва саноат, инчунин, дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, алоқа, сохтмону меъморӣ, бонкдорӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар низ софдилонаву содиқона заҳмат кашида истодаанд, ки саҳми онҳо дар рушду суботи соҳаҳои мухталифи кишвар бесобиқа арзёбӣ мегардад”.
НАТИҶАИ КВОТА Ё ФАЪОЛИЯТИ КОРӢ
Сайрамбӣ сарчашмаи ҳама дастоварду муваффақияташро аз иқдоми наҷиби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳисобад. Зеро Квотаи президентӣ дари ҳама муваффақиятҳоро барояш кушод. Ӯ бо донишу заковат, малакаву маҳорати азбарнамудааш дар баланд бардоштани савияи дониши насли наврас саҳмгузорӣ намуда, ҳамчун мутахассиси ҳирфавӣ ба ҷомеа хизмат мекунад. Дар ин баробар дар вазифаҳои мухталиф фаъоли-ят намуда, таҷрибаи кориашро ғанӣ гардонидааст.
Аз соли 2021 то инҷониб раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъ-минобод ва мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирӣ фаъолият дорад.
- Воқеан, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз лаҳзаҳои нахустини давлатдорӣ ба зан-модар эҳтироми хоса зоҳир намуда, дар баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа нақши мондагор гузоштаанд. Шукргузорӣ аз ғамхориҳои Пеш-вои миллат намуда, қавл медиҳем ба Пре-зиденти маорифпарвари худ намуда, ба Ватан хизмати содиқона мекунам,-мегӯяд Сайрамбӣ Ҷалилова.
А. РИОЕВ, «Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...