«НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР РУШДИ ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММАИ ТОҶИК»,
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 14 ноябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 125
- зери ин унвон бо ташаббуси рӯзномаи “Хатлон” дар ҳамкорӣ бо кафедраи рӯзноманигории факултети филологияи тоҷики ДДБ ба номи Носири Хусрав мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки доираи васеи омӯзгорону донишҷӯён баргузор гардид.
Пеш аз оғози чорабинӣ ҳайати меҳмонон ва иштирокчиён порчае аз филми мустанади “Марди роҳ”-ро тамошо намуданд.
Дар оғоз Шарипов Сангимурод, мудири кафедраи рӯзноманигорӣ иштирокдоронро ба мизи мудаввар хайрамақдам гуфта, дар мавзуи “Нақши воситаҳои ахбори омма дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон” суханронӣ карданд.
Носирҷон Маъмурзода, н.и.ф., сармуҳаррири рӯзномаи “Хатлон” дар мавзуи “Нақши Пешвои миллат дар ҳифзи фазои иттилоотии Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ, баромад намуд. Зимни маърӯзаи хеш афзуд, ки “Дар замони Истиқлоли давлатӣ ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми ниҳодҳои иҷтимоӣ рушд карда, фазои иттилоотии мамлакатамон ташаккул ёфт. Озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор яке аз меъёрҳои конститутсионӣ муқаррар шуда, бо мақсади рушди расонаҳои хабарӣ ва кафолати озодии баён сензураи давлатӣ ва таъқиб барои танқид манъ гардид.
“Таърих гувоҳ аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар оғози фаъолияти худ ба ҳайси Сарвари мамлакат нақши ҷомеаи журналистӣ ва воситаҳои ахбори оммаро дар таъмини ваҳдати мардум ва якпорчагии ҷумҳурӣ баланд арзёбӣ намуда, ин ниҳоди муҳимми иҷтимоиро яке аз рукнҳои асосӣ ва пешбарандаи ҷомеа ҳисобидаанд. Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати аввалини худ бо журналистон, ки соли 1992 дар вилояти Суғд доир гардид, журналистонро ба фаъолтар будан дар раванди ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ даъват намуда, онҳоро ҳамчун ёрдамчии давлату Ҳукумат таъриф карда буданд ва саҳми матбуоти даврӣ, умуман, кулли ВАО-ро чун василаи тавонои тарғибу ташвиқ дар ташаккули афкори омма ва пешрафти давлат бориз хонданд”- афзуд Н. Маъмурзода, сармуҳаррири рӯзномаи “Хатлон”.
Дар идомаи суханронӣ иброз дошт, ки “Яке аз ҳадафҳои дигари Пешвои миллат аз таъсиси Академияи ВАО ба вуҷуд овардани рақобати солим дар байни журналистони кишвар арзёбӣ мешавад. Ин иқдом дар навбати худ масъулини муассисаҳои олии кишварро водор месозад, ки ҷиҳати такмили маҳорати касбии худ ва омодасозии шогирдон дар самти рӯзноманигорӣ кӯшиши бештар намоянд”.
Баъдан дар идомаи мизи мудаввар Алишер Муродов, н.и.ф., мудири кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷики ДДБ ба номи Носири Хусрав , дар мавзуи “Забони тоҷикӣ ва саҳми Пешвои миллат дар рушди он” ва Меҳрубон Назаров, н.и.ф., мудири кафедраи забони тоҷикии ДДБ ба номи Носири Хусрав дар мавзуи “Вазъи забони матбуоти тоҷик” аърӯзаҳои худро қироат намуданд.
Ҳамчунин, Маҳкамзода Дилором, дотсенти кафедраи рӯзноманигорӣ, иброз дошт, ки дар натиҷаи заҳмату талошҳои Сарвари давлат дар тӯли солҳои гузашта тамоми рукнҳои давлатдорӣ барқарор шуда, сулҳ ва ваҳдати комили миллӣ пойдор, рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ таъмин, худшиносиву худогоҳӣ таҳким, ҳисси ватандӯстии тамоми табақаҳои ҷомеа афзуд. Ба ҳамаи ин дастовардҳои беназир мо тавассути роҳбарии оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хиради халқи сулҳпарвар, меҳнатдӯсту соҳибмаърифатамон ноил шудем.
Шарофати Донёр, сармуҳаррири рӯзномаи “Меҳровар” баромад намуда, қайд намуд, ки дар шахсияти ин марди диловар миллат сарвари шоистаи худро ёфт ва ба марҳилаи бунёдкориву созандагӣ ворид гашт. Имрӯз мардуми саодатманд ва сарбаланди тоҷик бо ифтихор ва арҷгузорӣ ба корнамоиҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 16-уми ноябрро ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил менамояд.
Комрони БАХТИЁР,
Абдулло РИОЕВ,
“Хатлон”
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...