Содироти беш аз 40 намуди маҳсулоти кишоварзӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 02 ноябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Арсаи кишоварзӣ / Хабарҳо, Боздид 251
Хоҷагидорони вилояти Хатлон бо фаровон омадани ҳосили маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла зардолу, олу, шафтолу, лимӯ, ангур, карам, лаблабу ва полезиҳо барои сари вақт ва беталаф ҷамъ овардани ҳосил ва содироти он бо мусоидати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо равзанаи ягонаи амалиёти содиротӣ, назорат ва барасмиятдарории маҳсулоти содиршаванда ташкил карда шудааст, ки ин имкон медиҳад содироти бемайлони маҳсулот амалӣ гардад.
Аз ҷониби бахши намояндагии Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар ин давра ба маблағи 154 миллион доллари ИМА молу маҳсулот содирот гардидааст, ки аз ин ҳисоб 4 фоиз онро содироти маҳсулоти кишоварзӣ ташкил менамояд.
Дар ин давра тибқи маълумоти Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон танҳо ба воситаи гумруки вилояти Хатлон ба миқдори 16 ҳазору 96 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот шудааст, аз он ҷумла 8 ҳазору 639 тонна пиёз, 258 тонна карам, 480 тонна лаблабу, 52 тонна кадуи сабз, 1 ҳазору 277 тонна писта, 40 тонна чормағзи заминӣ, 700 тонна ангур, 8,6 тонна сирпиёз, 572 тонна зардолу, 402 тонна тарбуз, 6 тонна харбуза, 52 тонна себ, 95,7 тонна шафтолу, 498 тонна тухми офтобпараст, 2281 тонна олу, 4 тонна лимӯ, 17,5 тонна қаламфур, 24 тонна нок ва 685 тонна меваи хушк (чормағз) ва 16 тоннаро мағзи писта ташкил медиҳад. Қисми зиёди маҳсулоти кишоварзӣ асосан ба давлатҳои Покистон 6 ҳазору 288 тонна, Афғонистон 2 ҳазору 332 тонна, Қазоқистон 3 ҳазору 100 тонна, Россия 3 ҳазору 509 тонна, Ӯзбекистон 773 тонна ва Беларусия 76 тонна содирот карда шудааст.
Содироти маҳсулоти кишоварзӣ тавассути роҳи оҳани Хатлон 22 қатора, бо вазни умумии 1 ҳазору 329 тонна пиёзи барвақтӣ аз шаҳру ноҳияҳои Ҷайҳун, Ҷ. Балхӣ, Левакант коркард гардида, ба Ҷумҳурии Қазоқистон ва Россия содирот карда шудааст.
Ҳамзамон, аз вилоят ба хориҷи кишвар 296 ҳазору 389 тонна семент, 42 ҳазору 596 тона нахи пахта, 2 ҳазору 604 тонна нуриҳои минералӣ, 7 ҳазору 46 тонна калобаи ресандагӣ, 788 тонна гачкартон содирот гардид. Фарогирии содироти маҳсулот аз вилояти Хатлон мунтазам афзуда, ҳамасола зиёда аз 40 намуд маҳсулот, ба беш аз 10 давлати хориҷи кишвар содирот шудааст.
Умед ЗОҲИРЗОДА,
мудири бахши намояндагии Агентии содироти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00