Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » «Илм – фурӯғи маърифат»: 16 ҷой насиби Хатлон шуд


«Илм – фурӯғи маърифат»: 16 ҷой насиби Хатлон шуд




16 нафар намояндагони вилояти Хатлон дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” ғолибият ба даст оварданд.

Рӯзи 30 октябр дар Театри давлатии академиии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ мароси-ми  тантанавии  ҷамъбасти  озмуни ҷумҳуриявии  «Илм  -  фурӯғи  маърифат» баргузор гардид, ки дар он намояндагони  Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Дастгоҳи  иҷроияи Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, вазорату  кумитаҳо,  Академияи  миллии  илмҳо,  муассисаҳои таълимӣ, иштирокчиёни озмун, волидайни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти  миёнаи  умумӣ  ва  ВАО иштирок намуданд.

Таъкид  гардид,  ки  озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат» соли чорум аст таҳти сарпарастии  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  бо  мақсади  боз ҳам  бештар  ба  омӯзиши  илмҳои табиатшиносӣ,  дақиқ  ва  риёзӣ ҷалб  кардани  наврасону  ҷавонон, олимону  муҳаққиқон  ва  устодону омӯзгорон  баргузор  гардида  истодааст.

Намояндагони  вилояти  Хатлон  дар  даври  чоруми  озмун  аз рӯйи  ҳафт  номинатсия:  математика  (арифметика,  алгебра,  геометрия);  физика  ва  астрономия; химия; биология (ботаника, зоология,  анатомия);  география;  технологияи иттилоотӣ; ихтироъкорӣ ва навоварӣ  донишу  малакаи  худро муаррифӣ намуда, сазовори 9 ҷойи дуюм ва 7 ҷойи сеюм гардиданд.

Дар  миёни  ғолибони  озмун 5  нафар  аз  муассисаҳои  таълимии  шаҳри  Кӯлоб,  3  нафар  аз таълимгоҳҳои  воқеъ  дар  ноҳияи Данғара,  2  нафар  аз  ноҳияи Мир  Сайид  Алии  Ҳамадонӣ  ва якнафарӣ аз ноҳияҳои Ёвон, Дӯстӣ, Балҷувон, Абдураҳмони Ҷомӣ, Восеъ, Шамсиддин Шоҳин буданд.

Қобили  зикр  аст,  ки  мақсади иҷрои  самарабахши  Амри  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  аз  1 январи соли 2024 «Дар бораи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» бо қарори раиси вилояти  Хатлон  Давлаталӣ  Саид  барои  ҳавасмандгардонии  ғолибон ва  омӯзгороне,  ки  шогирдонашон дар  даври  вилоятии  озмун  пирӯз омаданд,  578  ҳазору  520  сомонӣ мукофотпулӣ ҷудо карда шудааст.

Дар даври сеюми озмуни “Илм –  фурӯғи  маърифат”  1379  довта-лаб, аз он ҷумла 516 нафар духта-рон иштирок карда буданд.

Ҳангомаи ИСМАТ,
«Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода