Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ЗАМИН! Ташаккур, ки моро мехӯронӣ


ЗАМИН! Ташаккур, ки моро мехӯронӣ




... Танҳо бо саъю талоши ҳар як сокини мамлакат ва дар навбати  аввал,  роҳбарону  кормандони  соҳаи  кишоварзӣ,  хоҷагиҳои деҳқонӣ  ва  ҳар  як  оилае,  ки  замини  президентиву  наздиҳавлигӣ дорад, мо метавонем ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ, яъне ҳифзи амнияти озуқаворӣ, дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар ноил гардем.
Пешвои миллат Эмомалӣ РАҲМОН


БА ҶОЙИ АВВАЛСУХАН

Заминро  модар  мегӯянд.  Ин  бесабаб нест,  албатта.  Замин  моро  мехӯронад, мепӯшонад,  дар  канораш  мепарварад.  Дар маҷмӯъ, ризқу рӯзирасон аст. Аз ин рӯ, онро бояд  дӯст  дошт,  нисбаташ  меҳрубон  буд. Вақте ки мо ба замин ҳаёти дубора медиҳем, он моро мехӯронад.

Саҳифаҳои  таърихро  варақгардон  намуда,  аз  қаҳрамононии  фотеҳони  азхудкунии заминҳои  асрҳо  бекорхобидаю  ташналаб ёдовар  мешавем.  Он  солҳо  водии  Вахш  ба арсаи  меҳнат-ободонии  даштҳои  беканору  сӯзон  ва  туқайзору  наистон,  ботлоқҳои касногузар  табдил  ёфта  буд.  Техникаҳои пуриқтидор,  мутахассисон-ихтиёриён  аз гӯшаю  канори  собиқ  ҷумҳуриҳои  Иттиҳоди Шуравӣ ва давлатҳои хориҷӣ ба азхудкунии ин  мавзеъ  пайвастанд.  Бо  гузашти  вақт  дасту  бозуи  инсон  даштро  мутеи  худ  намуд. Дар майдонҳои доманфарох ғаллаю пахта ва дигар зироатҳоро кишт намуданд. Бобою падарони мо низ аз кӯҳистон ба водӣ кӯч баста, 
чорводориро ба кишоварзӣ иваз карданд.

Ҷанги шаҳрвандӣ мардумро аз замин дур кард. Зеро заминҳои корам боз ба шӯразор табдил  меёфт.  Сабаби  ин  аз  ҷониби  ашхоси  алоҳида  аз  байн  бурдани  заҳбурҳо  буд. 

Заҳбур  воситаи  нобудсозии  шураи  замин, маҳсуб меёфт. Онҳоро аз хок пур карда, хона сохтанд ва ё ба киштзор табдил доданд.

Даъвату  дастурҳои  Пешвои  миллат муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  мардумро  боз ба  замин  дилгарм  сохт.  Барои  беҳбудии зиндагӣ ба онҳо заминҳои президентӣ дода, заминҳои наздиҳавлигӣ низ босамар истифода бурда мешуд. Зиндагӣ ба маҷрои аввала баргашт. Деҳқон соҳиби замин шуд.

БОЗОР-ҲОҶАТБАРОР?

Чанд  сол  қабл  мардуми  деҳот  аз  гарм омадани ҳаво, танқисии об ва ё беҳавсалагӣ заминҳои  наздиҳавлигии  худро  истифода намекардагӣ шуданд. Қаблан аз ин заминҳо кабудӣ-кашнизу  пиёзу  шибит,  лӯбиёгӣ,  картошка,  турб,  сабзӣ,  шалғам  мерӯёниданд. 

Қисме  аз  онҳоро  ба  бозор  бароварда, шаҳриёнро таъмин мекарданд. Ба қавли онҳо, акнун ин зироатҳоро аз бозорҳои шаҳр мехаранду худро дар меҳнат “азоб” намедиҳанд. Ин,  албатта,  ба  шаъни  деҳотиён  зебанда нест. Зеро шаҳриҳо ин чизҳоро аз деҳотиён интизоранд. Аммо кор баръакс шуд.

Бо далели ҷойи чарогоҳ набудан ҳатто на гов  нигоҳ  медоранду  на  моли  майда  ва  паранда.

...Боре  ба  аёдати  хешу  табор  ба  деҳа рафтам.  Дар  истгоҳи  нақлиёти  мусофирбар як дӯсти қадрдонро дида мондам. -Ба куҷое сафар дорӣ?-пурсидам аз ӯ.

-Ба шаҳр меравам,-посух дод вай ва ило-ва намуд.-Занак нони гарм мепазад, аз бозо-ри шаҳр кабудӣ ва чака гирифта меоям. Ба 
шакаробхӯрӣ биё.

Аҷиб!  Мардуми  деҳа  барои  чанд  бандча  кабудӣ  ва  як  кило  чака  ба  шаҳр  мераванд.  Солҳои  қаблӣ  ин  ҳамаро  дар  замини 
наздиҳавлигӣ  мерӯёниданд.  Ҳар  як  оила, албатта, як гови ҷӯшо дошт. Ҳоло чӣ? Акнун замину гови ҷӯшояшон бозор шуда мондааст. Афсӯс!

Дар як порча замин тухмии кабудӣ кишта, онро бо як сатил об сабзонидан мумкин аст.  Аз  нигоҳубини  модагов  низ  зарар  намебинанд.  Ҳам  ширу  ҷурғоташро  мехӯрию ҳам  гӯсолааш  ба  фоида  мемонад.  Онро нигоҳубин карда, калон мекунӣ ва мефурӯшӣ. Маблағаш бошад, барои баровардани ҳоҷати рӯзгор кумак мекунад.

АСАДУЛЛО - ФАРЗАНДИ ЗАМИН

Асадулло  бо  аҳли  оилаи  худ  аз  ноҳияи Восеъ ба шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳозира Бохтар) кӯч баст. Падар ба ӯ дуои нек дода, васияташ кард:  “Писарам,  дар  ҳар  куҷое,  ки  сукунат мекунӣ,  аввал  дарахти  бороваре  шинон,  то аз ҳосилаш дигарон баҳра баранду савобаш ба ту расад. Фардо фарзандони онҳо дарахт месабзонанд,  меваашро  мо-калонсолон мехӯрем”.

Ин  қиссаи  даврони  Шуравӣ  аст.  Асадулло дар бинои баландошёнае, ки мо сукунат доштем,  хона  гирифт.  Дар  ошёнаи  аввал зиндагӣ мекард. Зери тирезааш як порча замини янтоқзору пур аз сангреза бекор мехобид. Ӯ заминро симтӯр гирифта, тоза намуд. 

Аз  заминҳои  деҳаҳои  ҳамсоя  бо  сатил  хок оварда, онро ба кишт омода сохт. Дар гирду атрофаш дарахтони босамар шинонд. Дар он кабудӣ, қаламфури ширину тезак, помидору сабзӣ, турбу шалғам сабзонд. Барои занҳои ҳамсоя ҳатто ӯсма низ кишт кард. Порчаи замин сабзу хуррам шуд. Аз ҳосилаш ҳамсояҳо истифода мекарданд.

Дар он солҳо, бо кадом сабабҳо, иҷозати обод кардани заминҳои гирду атрофи биноро  намедоданд.  Ҳарчанд  он  бесамар  буд. 

Баъди чанд сол аз ЖЭУ (участкаи манзилию коммуналӣ) намоянда омаду ҳавличаи сабзу хуррами Асадуллоро хароб карданд. Замини бесоҳибу беназорат боз ба шакли аввалаашянтоқзор  табдил  ёфт.  Асадулло  дилмонда шуд. Ӯ бе замин ҳаётро ҳеҷ медонист. Аз ин рӯ, ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, назди хешовандонаш кӯчид. Дар он ҷо соҳиби замин шуд,  онро  коркард  карда,  ба  деҳқонӣ  шуғл варзид...

P.S. Дар  замони  соҳибистиқлолӣ  бо иқдоми  неки  Сарвари  давлат  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  замин  ба  марди  деҳқон баргардонида шуд. Дар баробари ин, Пешвои миллат  ба  мардум  муроҷиат  карда,  дастур доданд, ки ҳар порча замини наздиҳавлигиро самаранок  истифода  карда,  соле  2-3  ҳосил рӯёнида шавад. Ин иқдом ба манфиати мардуми  деҳоту  ҳам  шаҳр  аст,  албатта.  Ҳамин буд, ки ҳар як сокини кишвар ин иқдомро хуш пазируфтанд.

С. АТТОР, «Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода