Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ДАВРИ ВИЛОЯТИИ ФЕСТИВАЛИ «ЛИБОСИ МИЛЛӢ - ОСОРИ ТАМАДДУНИ ҶАҲОН» БАРГУЗОР ШУД


ДАВРИ ВИЛОЯТИИ ФЕСТИВАЛИ «ЛИБОСИ МИЛЛӢ - ОСОРИ ТАМАДДУНИ ҶАҲОН» БАРГУЗОР ШУД




Имрӯз, 31-уми октябр, дар шаҳри Кӯлоб вилоятии Фестивали “Либоси миллӣ – осори тамаддуни ҷаҳон”  баргузор гардид. 

Дар рафти баргузории чорабинии мазкур  муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода иштирок ва суханронӣ намуд. 

Мавсуф аз ҷумла изҳор дошт, ки фестивали мазкур бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти хатлон Давлаталӣ Саид доир гардида истодааст. 

- Мақсад аз баргузор намудани фестивал, озмунҳо, чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, эҳтиром ба фарҳангу тамаддуни миллӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ҷилавгирӣ аз густариши фарҳанги бегона ва тарбия намудани насли наврас, махсусан ҷавондухтарон дар руҳияи ватандӯстӣ мебошад, - гуфт муовини раиси вилояти Хатлон. 

Дар доираи баргузории даври вилоятии фестивали мазкур зиёда аз 10000 нафар бонувон аз назди мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ то назди Қалъаи шаҳри Кӯлоб дар тан либосҳои миллӣ раҳпаймоӣ доир намуданд.

Ҳамзамон, меҳмонон аз намоиши дастовардҳо ва ҳунарҳои мардумии ташкилоту муассисаҳо, ҷамоатҳои шаҳри Кӯлоб дидан намуданд.

Дар охири фестивал фаъолон бо Сипоснома ва туҳфаҳо сарфароз гардонида шуда, барномаи фарҳангӣ аз ҷониби ҳунармандони қасри фарҳанги шаҳри Кӯлоб, ки иборат аз суруду таронаҳои ватандӯстона ва иниъкоскунандаи либос ва фарҳанги миллӣ буд, пешкаши ҳозирин гардонида шуд. 

А. Алишер, “Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода