ОЗМУНИ “МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ” ҶАМЪБАСТ ГАРДИД
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 01 ноябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 142
Имрӯз, 1 ноябр, дар Кохи фарҳанг ва маркази иттилоотии шаҳри Бохтар маросими ҷамъбасти озмуни муштараки эҷодии идораи рӯзномаи «Хатлон» ва Суди вилояти Хатлон оид ба беҳтарин мақола таҳти унвони «Маърифати ҳуқуқӣ» доир гардид.
Дар он муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода, раиси Суди вилояти Хатлон Нуриддин Расулзода, сармуҳаррири рӯзномаи “Хатлон” Носирҷон Маъмурзода, иштирокчиёни озмун, кормандони мақомоти судӣ ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.
- Рушди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ба сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии аҳолӣ вобастагии зиёд дорад, - қайд кард раиси Суди вилоят зимни ифтитоҳии маросим. - Маҳз ҳамин ниятҳои нек аст, ки роҳбарияти олии мамлакат соли 2024-ро “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намуда, рӯз то рӯз баҳри беҳбудии шароити зисту зиндагии сокинон имкониятҳои нав ба навро фароҳам оварда истодааст.
Ҳадафи асосии эълон намудани соли 2024 - “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ин баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, муносибати эҳтиромона ба ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста аз миллат, нажод, ҷинс, забон ва эътиқоди динӣ, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он ва таъмин намудани волоияти қонун дар самти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон иборат мебошад.
Муовини раиси вилоят Анзурат Абдусаломзода дар ин ҳамоиш зикр намуд, ки имрӯз сокинони кишвари мо ифтихор доранд, ки соҳиби Ватан ва давлати соҳибихтиёр мебошанд, Конститутсияи ҷавобгӯй ба орзуҳои мардумӣ доранд ва дар фазои сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ зиндагӣ мекунанд.
- Конститутсия ба сифати бахтномаи миллат аз ҷумлаи муқаддасоти миллӣ мебошад ва мо вазифадорем, ки омӯхтану эҳтироми онро ба фарзандони худ, яъне наслҳои ояндасоз аз хурдсолӣ талқин намоем, - таъкид кард А. Абдусаломзода.
Сармуҳаррири рӯзномаи “Хатлон” Носирҷон Маъмурзода зимни баромади худ изҳор дошт, ки идораи рӯзнома дар ҳамбастагӣ бо Суди вилояти Хатлон бо мақсади дастгирии рӯзноманигорон, кормандони расонаҳои хабарии шаҳриву ноҳиявӣ ва вилоятӣ, кормандони мақомоти судӣ ва соҳаҳои гуногун, ҷавонони вилоят, ки дар инъикоси баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои ҳуқуқӣ ва демократӣ, мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон ва муносибати эҳтиромона ба он, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар рӯҳияи эҳтиром нисбат ба он ва таъмин намудани волоияти қонун, ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ, оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ ва ногузир будани масъулияти ҳуқуқӣ, васеъ намудани дастрасии шаҳрвандон ба иттилооти ҳуқуқӣ, инъикоси 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” озмуни эҷодии «Маърифати ҳуқуқӣ»-ро эълон намуданд.
- Боиси қайди махсус аст, ки озмуни эҷодии мазкур мақоми ҷумҳуриявиро касб намуда, дар доираи он ба идораи рӯзномаи “Хатлон” зиёда аз сад матлаб аз муаллифони мухталиф ворид гардид, қисмати зиёди онҳо дар саҳифаҳои рӯзнома интишор ёфт, - гуфт Н. Маъмурзода.
Баррасии масъалаҳо оид ба эҳтиром ва риояи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, тақвияти рағбати шаҳрвандон ба донишҳои соҳаи ҳуқуқ, васеъ намудани дастрасии шаҳрвандон ба иттилооти ҳуқуқӣ, паст гардидани сатҳи ҳуқуқвайронкунии шаҳрвандон ва ғайра ҳадафи асосии маводҳо пешниҳодшударо ташкил медод.
Нуриддин Расулзода, раиси Суди вилояти Хатлон, зимни баромади худ қайд дошт, ки маводҳои иштирокчиёни озмуни муштараки эҷодии “Маърифати ҳуқуқӣ” аз ҷониби аъзои ҳакамон, мутахассисони касбии соҳа бо мақсади таъмини шаффофияти озмун ва баҳодиҳии беғаразона мавриди омӯзиши коршиносон қарор гирифта, баҳогузорӣ гардидааст.
- Рафти баргузории озмуни мазкур нишон дод, ки эҷодкорон, ҳуқуқшиносон, сокинон ба масъалаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон таваҷҷуҳи беандоза доранд.
Тибқи хулосаи Кумитаи тадорукоти озмун, матлаби Шаҳноза Нусратова, магистранти Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сазовори ҷойи якум дониста шуда, бо Дипломи дараҷаи 1 ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 3000 сомонӣ сарфароз гардид.
Ҷойи дуюмро Фирӯз Сайнозимзода, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ ва Зинатгул Шобалхиева, омӯзгори литсейи давлатии №1-и шаҳри Бохтар, ишғол намуда, ҳар яке бо Дипломи дараҷаи 2 ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 2000 сомонӣ сарфароз гардиданд.
Корманди ТВ “Тоҷикистон” Давлатёр Валиев, корманди Суди вилояти Хатлон Баҳодур Назаров, сардори шуъбаи умумии Суди ноҳияи Ёвон Умедҷон Ҳусейнзода мақоми сеюми озмунро ишғол намуданд. Ба ҳар яки онҳо Дипломи дараҷаи 3 ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 1000 сомонӣ дода шуд.
Ҳамчунин, Хусрав Холдорзода, раиси Суди ноҳияи Шаҳритус, Диловар Сафарзода, раиси Суди ноҳияи Панҷ, Исматулло Ҳасанов, собиқадори матбуоти тоҷик, Сиёвуш Абдураҳимов, омӯзгори ДДБ ба номи Носири Хусрав, Фирӯза Ҳусейнзода, судяи Суди шаҳри Бохтар, Самандар Раҷабализода, омӯзгори ДДБ ба номи Носири Хусрав барои иштироки фаъолона дар рафти озмун бо Ифтихорнома қадр карда шуданд.
Ғолиби озмун Шаҳноза Нусратова баргузории озмуни мазкурро иқдоми саривақтӣ дар доираи эълон гардидани Соли маърифати ҳуқуқӣ унвон намуда, барои ташкилкунандагони озмун изҳори сипос намуд.
- Баргузории чунин озмунҳо барои мо имконияти хубе барои муаррифӣ буда, имкон медиҳад, ки ҳамчун ҳуқуқшинос дар баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии сокинон саҳми худро гузорем, - изҳор дошт ғолиби ҷойи дуюм озмун Фирӯз Сайнозимзода.
Дар интиҳо раиси Суди вилояти Хатлон Н. Расулзода ва сармуҳаррири рӯзномаи “Хатлон” Н. Маъмурзода ғолибони озмуни муштараки эҷодии “Соли маърифати ҳуқуқӣ”-ро табрику таҳният гуфта, иттилоъ доданд, ки матлабҳои дар доираи озмун нашршуда то охири соли равон дар шакли китоби алоҳида нашр карда мешавад.
Ҳайати эҷодии рӯзномаи “Хатлон” ғолибони озмуни муштараки эҷодии идораи рӯзномаи «Хатлон» ва Суди вилояти Хатлонро барои беҳтарин мақола таҳти унвони «Маърифати ҳуқуқӣ» самимона табрик мегӯяд.
“Хатлон”
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
26-01-2021, 14:00
-
28-12-2023, 16:56
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...
-
23-12-2022, 12:41
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...