МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РОҲБАРИ ШИРКАТИ ЧИНИИ «XINJIANG SHIHEZI DEVELOPMENT»
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 29 октябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Иқтисоду тиҷорат / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 132
Имрӯз, 29 октябр, дар шаҳри Бохтар раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид роҳбари ширкати «Хinjiang Shihezi Development»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаноби Ван Тянзу ва дигар мутахассисони ин ширкатро ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот иброз гардид, ки аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо шарикони рушд ва бахши хусусӣ ҷиҳати ҷалби сармоя, ворид намудани технологияҳои муосир, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва рушди устувори иҷтимоию иқтисодии вилоят пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.
Гуфта шуд, ки пахтакорӣ ва коркарди ниҳоии "тиллои сафед" яке аз самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ бо шарикони рушд арзёбӣ мегардад.
Дар навбати худ роҳбари ширкати «Хinjiang Shihezi Development» Ван Тянзу изҳор дошт, ки ҷиҳати ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти пахтагӣ ин ширкат дар вилояти Хатлон тадбирҳои муҳимро рӯйи кор гирифта, тасмим дорад, ки заминҳои навро ба гардиши кишоварзӣ дарорад.
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00