МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО НАМОЯНДАГОНИ ШИРКАТИ “BEHRON”-И ЭРОН
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 25 октябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 145
25 октябр раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо намояндагони ширкати “Behron”-и Ҷумҳурии Исломии Эрон дидору мулоқот намуд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба вазъи кунунии ҳамкориҳои мутақобила байни вилояти Хатлон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон табодули назар карданд.
Ҳамчунин ҳавасмандии ҷонибҳо ба роҳандозии ҳамкориҳои фаъоли байни минтақаҳо дар самти рушди муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва ҷалби сармоя, инчунин амалисозии лоиҳаҳо қайд шуд.
Мавриди зикр аст, ки дар Намоишгоҳи байналмилалии универсалии “Тоҷикистон-2024” байни Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон ва Ширкати “BEHRON”-и Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки бо истеҳсоли лифт ва эскалатор машғул аст, созишномаи ҳамкорӣ баста шуд.
Ширкати “BEHRON” 35 сол мешавад, ки ба истеҳсоли лифт ва эскалатор машғул мебошад. 75%-и бозори Эронро таъмин менамояд ва ҳамчунин, ширкат ба Арманистон, Русия, Туркия, Уммон, Ироқ ва Сурия низ маҳсулоташро содирот менамояд.
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...