Н. РАСУЛЗОДА: «Мустақилияти судяҳо яке аз талаботи асосии давлати ҳуқуқбунёд мебошад»
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 26 октябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳуқуқу амният / Хабарҳо, Боздид 134
26 октябр кормандони мақомоти судӣ иди касбии худро таҷлил мекунанд. 21 ян-вари соли 2018 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйирот ворид гардида, 26 октябр расман Рӯзи касбии кормандони мақомоти судӣ эълон шуд.
Вазифаҳои ҳокимияти судӣ ва таъмини адолат дар асоси принсипу меъёрҳои демократии мурофиаи судӣ, аз ҷумла баробарии ҳама дар назди қонун ва суд, баробарҳуқуқии тарафҳо дар ҷараёни баҳсу мунозира ва ба тарзи ошкоро гузаронидани мурофиаи судӣ сурат мегирад, ки ин меъёрҳои қонун кафили воқеии ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, дар маҷмӯъ, ни-шонаи муҳимтарини ҷомеаи адолатпарвар, демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ мебошад.
Ба муносибати иди касбии кормандони мақомоти судӣ мусоҳибае доштем бо раиси Суди вилояти Хатлон Расулзода Нуриддин Ғаффор, ки фишурдаи он манзури хонандаи рӯзномаи «Хатлон» мешавад.
- Қаблан, Шумо ва ҳамкоронатонро бо Рӯзи касбии кормандони мақомоти судӣ табрик мегӯем. Муҳтарам раис, аз нигоҳи Шумо, муҳимтарин дастовардҳои мақомоти судии вилоят дар даврони Истиқлоли давлатӣ кадоманд?
- Ҳамасола рӯзи 26 октябр тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» Иди касбии кормандони мақомоти судӣ ҷашн гирифта мешавад.
Ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар рушду такомули ҳокимияти мустақили судии кишвар роҳи рушди комилан навро ба вуҷуд овард. Маҳз истиқлолу давлатдории миллӣ имкони воқеӣ фароҳам овард, ки Тоҷикистон роҳи ислоҳоти ҳуқуқӣ, ташаккули низоми нави давлатдорӣ, таъсиси сохторҳои нави идоракунии давлат, дигаргун сохтани шакли моликият ва рушди иқтисодиёти миллиро пеш гирифта, таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сӯи бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ қадамҳои устувор гузошта, дар арсаи байналмилалӣ соҳиби нуфузу эътибори хоса гардид.
- Дар замони Истиқлоли давлатӣ ҷиҳати рушд ва таҳкими ҳокимияти судӣ кадом барномаҳо қабул гардиданд? Амалӣ шудани ин барномаҳои ҳуқуқӣ дар кадом сатҳ қарор дорад ва чӣ натиҷаҳо доданд?
- Бо назардошти рушду таҳкими мақомоти судӣ дар доираи барномаҳои соҳавӣ, яъне барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ ба роҳ монда, то ин давра чор барнома қабул ва амалӣ карда шуданд. Онҳо барои баланд бардошта-ни мақомоти суд дар ҷомеа, таъмини шароити зарурӣ, барои баррасӣ ва ҳалли одилонаи парвандаҳои судӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, ташкилоту муассисаҳо ва умуман, ҷиҳати ба амал баровардани адолати судӣ дар асоси меъёру принсипҳои байналмилалӣ нақши муҳим бозидаанд.
Аз ҷумла, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июни соли 2007 «Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба-рои солҳои 2007-2010» қабул гардид, ки ба таҳкими ҳокимияти судӣ ва иҷрои вазифаҳои дар наздашгузошташуда роҳи васеъ кушод.
Дар доираи татбиқи Барномаи мазкур як силсила қонунҳо, аз ҷумла Кодексҳои мурофиавии гражданӣ, ҷиноятӣ, иқтисодӣ, Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» ва «Дар бораи судҳои ҳакамӣ» таҳия ва қабул гардиданд.
Ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ идома дода шуд, бо фармонҳои дахлдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013 ва барои солҳои 2015-2017 тасдиқ гардиданд.
- Роҳи тайнамудаи мақомоти судӣ дар самти ҳимояи қонуният ва адолати судӣ дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ чӣ гуна буд?
- Бояд қайд кард, ки баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ва қабул шудани Кон-ститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарияти давлату Ҳукумат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақомоти судӣ ҳамчун шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, дар роҳи рушду таҳкими ин соҳа як қатор корҳои назаррас амалӣ гардонидаанд.
Пеш аз ҳама, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 апрели соли 1997 таҳти №692 «Дар бораи баъзе тадбирҳо оид ба таъмини мустақилияти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расонида шуд, ки тибқи он ҳаллу фасли як қатор масоил, аз қабили таъсис додани вазифаҳои приставҳои суд ва ёрдамчиёни раисони судҳо, шумораи мувофиқи котибони маҷлиси судӣ, ҷудо кардани маблағҳо бобати таъминоти моддии судҳо, пардохти мукофотпулӣ ба машваратчиёни халқӣ, таъмиру таҷҳизонидани биноҳои судҳо ва бо воситаҳои нақлиёт ва техникаи ёрирасон таъмин намудани онҳо пешбинӣ карда шуда буд ва ин тадбирҳо марҳила ба марҳила ҳалли худро пайдо намудаанд.
Боби ҳаштуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзими ҳокимияти судӣ чун рукни алоҳида ва мустақили ҳокимияти давлатӣ бахшида шуда, принсипҳои асосии фаъолияти он, низоми сохтори судӣ, вазифа, мақсадҳои амалӣ намудани адолати судӣ ва ваколатҳои судяҳоро муқаррар намудааст.
- Тибқи Конститутсия судяҳо дар фаъолияти худ мустақил буда, танҳо ба Консти-тутсия ва қонун итоат мекунанд. Оё дахолат ба кори онҳо ба қайд гирифта шудааст? Барои дахолат ба кори судяҳо чи ҷазоҳо пешбинӣ шудааст?
- Дар асоси талаботи моддаи 87-и Консти-тутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон судяҳо дар фаъолияти худ мустақил буда, танҳо ба Конс-титутсия ва қонун итоат мекунанд. Дахолат ба фаъолияти онҳо манъ аст.
Ин муқаррарот фаъолияти мустақилона ва баамалбарории адолати судиро пурра таъмин менамояд. Мустақилияти судяҳо яке аз тала-боти асосии давлати ҳуқуқбунёд буда, барои таъмини фаъолияти судӣ, ки дар асоси Консти-тутсия ва қонунҳои амалкунанда таъсис дода, шудааст равона гардидааст.
Тибқи талаботи моддаи 7-и Қонуни конс-титутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» дахолат ба
фаъолияти суд манъ аст. Дар ҳар шакл дахолат кардан ба фаъолияти суд бо мақсади монеъ шудан ба татбиқи адолати судӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ҷавобгарӣ мегардад.
Инчунин, тибқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаҳои 355-356) ҷавобгарӣ барои беэҳтиромӣ нисбати суд, яъне таҳқири судя, машваратчӣ ё шахси дигаре, ки дар татбиқи адолати судӣ иштирок менамояд пешбинӣ карда шудааст.
- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон таъкид дошта буданд, ки вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ танҳо ба маҳбас кашидани одам нест, балки вазифаи онҳо, инчунин, пешгирии ҷиноят, яъне аз маҳбас эмин доштани инсонҳо мебошад. Зеро дар паси ҳар як шахс як хонавода ва сарнавишту зиндагии ӯ қарор дорад. Наза-ри Шумо дар ин бора чӣ аст?
- Дар ҳақиқат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Презеденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин маъниро таъкид карда буданд. Мувофиқи моддаи 19-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар кас кафолати ҳифзи судӣ дорад. Ҳар шахс ҳуқуқ дорад талаб намояд, ки парвандаи ӯро суди босалоҳият, мустақил ва беғараз, ки тибқи қонун таъсис ёфтааст, баррасӣ намояд.
Ҳеҷ касро бе асоси қонунӣ дастгир, ҳабс кардан мумкин нест. Ҳар шахс аз лаҳзаи дастгир шудан метавонад аз ёрии адвокат истифода кунад.
Тибқи талаботи моддаи 84 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд.
- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид дошта буданд, ки содир намудани ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта аз ҷониби намояндагони ҳокимияти судӣ яке аз амалҳои нангин мебошад. Амали коррупсионӣ на танҳо обрӯ ва нуфузи мақомоти судиро паст мекунад, балки эътимоди мардум ва эътибору эҳтироми давлатро коста мегардонад. Суди вилояти Хатлон бо фасод ва коррупсия дар низоми судӣ чӣ гуна мубориза мебарад? Барои баланд бардоштани шаффофият ва эътимод ба Суд чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?
- Суди вилояти Хатлон фаъолияти кории худро дар асоси нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024 ҷиҳати иҷрои нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025) ба роҳ мондааст.
Суди вилояти Хатлонкорҳои тарғиботӣ, вобаста ба мавзуҳои зиддикоррупсионӣ тавассути воситаҳои ахбори омма, матбуоти даврӣ, шабакаҳои интернетӣ ва сомонаҳои судҳо ба амал бароварда истодаанд.
Инчунин, ҳангоми вохӯрӣ бо фаъолони шаҳру ноҳияҳои вилоят судяҳои Суди вилояти Хатлон вобаста ба Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад доир наму-да, ҳангоми гузаронидани машғулиятҳои семинарии ҳармоҳаи судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои вилоят раванди пешгирии омилҳои коррупсионӣ бо усулҳои гуногун роҳандозӣ карда мешавад.
Бинобар ин ҳамаи кормандони судро шарт ва зарур аст, ки ба кирдорҳои номатлуб даст назада, дар фаъолияти худ ҷиддӣ муносибат кунанд.
- Яке аз самтҳои муҳими пешгирӣ намудани қонунвайронкуниҳо баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ мебошад. Ҳамкории Шумо бо аҳолӣ чӣ гуна аст? Барои баланд бардоштани са-воднокии ҳуқуқии шаҳрвандон чӣ ташаббусҳоро роҳандозӣ кардаед?
-Суди вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда, баҳри ба амал баровардани адолати судӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолат корҳои муайянро ба анҷом расонидаанд.
Баҳри баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқии шаҳрвандон, судяҳои Суди вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он бо аҳолии вилоят вохӯрӣ ва суҳбатҳо гузаронида, ба воситаи матбуоти даврӣ ва садою симо баромадҳо кардаанд.
Инчунин дар асоси нақшаи корӣ ҳар моҳ дар якҷоягӣ бо судяҳои судҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят байни аҳолӣ машғулиятҳои семинарӣ гузаронида мешавад.
- Дастрасии шаҳрвандон ба адолати судиро дар вилояти Хатлон чӣ гуна арзёбӣ мекунед? Барои беҳбудии ин вазъ чӣ иқдом гирифтаед?
- Адолати судиро Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди ҳарбӣ, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе амалӣ мекунанд.
Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз мегарданд. Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ мешаванд. Онҳо мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракуниро муайян мекунанд ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегарданд.
- Ба Шумо барои чунин суҳбати пурмуҳтаво изҳори сипос намуда, ба корҳои муҳими давлатиатон баҳри ба амал баровардани адолати судӣ комёбӣ орзу намуда, бори дигар Шумо ва дар шахсияти Шумо ҳамаи судяҳо ва кормандони дастгоҳҳои судҳои вилоятро бо иди касбӣ муборакбод мегӯем.
- Ташаккур!
Суҳбаторо
Фаромӯзи ДАВЛАТАЛӢ, “Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00