Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ТАҶЛИЛИ ИДИ МЕҲРГОН


ТАҶЛИЛИ ИДИ МЕҲРГОН




20 октябр, дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии поитахт Иди Меҳргон, фестивал-намоиши маҳсулот ва техникаи кишоварзӣ доир гардид.

Дар доираи чорабинии мазкур "Фестивали занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯши асал", "Иди себ ва ангур" ва "Оши палав, намоиш ва фурӯши шолӣ ва биринҷ" бо шукӯҳи хос доир шуд. 

Дар ин чорабинӣ муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода, вазири кишоварзӣ Қурбон Ҳакимзода, муовини якуми раиси вилояти Хатлон Музаффар Мирзозода, намояндагони корпусҳои дипломатӣ ва меҳмонони хориҷӣ иштирок намуда, аз намунаҳои маҳсулоти тару тозаи кишоварзони ватанӣ дидан намуданд. 



Ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур муаррифӣ ва тарғиби маҳсулоти кишоварзӣ, дастранҷи марди деҳқон, эҳё намудани анъанаҳои парвариши навъҳои гуногуни меваҷоту сабзавот ва аз таҷрибаи деҳқон баҳра бурдан мебошад. 

Бо мақсади таъмини бозорҳои истеъмолии кишвар бо маҳсулоти кишоварзӣ, мувофиқи маълумоти оморӣ, дар ҳама шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ соли 2024 дар масоҳати 861,1 ҳазор гектар зироатҳрои кишоварзӣ кишт карда шуд, ки кишоварзон ҳосили дилхоҳ рӯёниданд. 

Дар охир намояндаҳои шаҳру ноҳияҳое, ки дар ин иди ниёгон ҳосили дастранҷи марди деҳқонро дар сатҳи баланд муаррифӣ намуданд, бо дипломи вазорати киловарзӣ ва туҳфаҳои хотирмон қадршиносӣ гардиданд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода