Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ФАРХОР. РОҲҲОИ МАҲАЛЛӢ МУМФАРШ МЕШАВАНД.


ФАРХОР. РОҲҲОИ МАҲАЛЛӢ МУМФАРШ МЕШАВАНД.



Бахшида ба сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фархор соҳибкорони маҳаллӣ ва шахсони саховатпеша дар баробари сохта ба истифода супоридани иншооти ниёзи мардум ба бунёду азнавсозии роҳҳо камари ҳиммат бастаанд. 

Дар деҳаи Куҳандиёри Ҷамоати деҳоти Ватани ноҳия Фархор бо ташаббус ва ибтикори  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор ва сокинони деҳаи мазкур мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ бо маром идома дорад, ки ин мушкилоти сокинонро осон мегардонад.
Сокинони ватандӯсти деҳаи Куҳандиёри Ҷамоати деҳоти Ватани ноҳия иқдом гирифтанд, ки дар масофаи 1.5  километр роҳи асосии байни деҳаашонро бо пуррагӣ асфалтпӯш намоянд. 

Тибқи иттилои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати ноҳия мумфарш намудан ва дастрас кардани масолеҳи роҳсозӣ аз ҷониби соҳибкорон ва сокинони ноҳия ба ҳукми анъана даромада, дар дигар ҷамоату маҳаллаҳои ноҳия низ ин амали хайр идома дорад.

 Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади таъмини ҳаракати муназзами воситаҳои нақлиёт ва рафтуомади озоди сокинон роҳҳои маҳаллии деҳаи Куҳандиёри Ҷамоати деҳоти Ватани ноҳия Фархор бо ҷалбӣ аҳолӣ дар ҳоли анҷомёбист.

Гуфта шуд, ки асфалти истифодашуда дар роҳҳои марказии ноҳия истеҳсоли корхонаҳои маҳаллӣ буда, корҳои таъмириву мумфаршнамоӣ бо ҷалби мутахассисони маҳаллӣ бароҳ монда шудааст.

Бо мумфарш кардан ва бунёди корҳои зикршуда ҳолати рафтуомади аҳолӣ, алалхусус ашхоси маъюб, кӯдакон ба мактаб беҳтар гардида, бехатарии ҳаракат дар роҳ таъмин мешавад.Инчунин, натиҷаи ин амал ба ҳусни маҳаллаҳо ҳусни дигар зам хоҳад кард.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода