Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Форуми «Хатлон инвест» ва намоишгоҳи «Бохтар фуд - 2024» баргузор мегардад


Форуми «Хатлон инвест» ва намоишгоҳи «Бохтар фуд - 2024» баргузор мегардад




Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, дар ҳамкорӣ бо Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 17-18 октябри соли 2024 дар шаҳри Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузорӣ-содиротии баргузор мегардад.

«Хатлон Инвест-2024» ва Намоишгоҳи «Бохтарфуд-2024» барҷастатарин рӯйдоди миқёси минтақавӣ арзёбӣ гардида, дар он дастовардҳои корхонаҳои бахши саноатӣ ва кишоварзии вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ карда мешаванд.

Форуми мазкур ҳамзамон, барои табодули таҷриба дар амалисозии ташаббусҳои созанда, инчунин ба роҳ мондани ҳамкориҳои байниминтақавӣ ва байналмилалӣ ба ҳайси заминаи муҳими мулоқоту музокирот хизмат хоҳад кард.

Дар Анҷуман раҳбарони минтақаҳои кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, вилоятҳо ва шаҳрҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, Туркия, Эрон, Чин, роҳбарияти корхонаҳои бузурги саноатӣ ва кишоварзӣ, намояндагони ширкатҳои тиҷоратӣ, доираи васеи сармоягузорон, инчунин соҳибкорони ватанӣ иштирок мекунанд.

"Хатлон"

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода