Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Фаъолияти 9-моҳаи Раёсати ВКД дар вилоят натиҷагирӣ карда шуд


Фаъолияти 9-моҳаи Раёсати ВКД дар вилоят натиҷагирӣ карда шуд




Дар толори Кохи фарҳанги шаҳри Норак ҷаласаи сайёри оперативӣ-хизматӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти мақомоти корҳои дохилии вилояти Хатлон дар давраи 9 моҳи соли 2024 зери роҳбарии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа нахуст сардори мақомоти корҳои дохилии вилояти Хатлон, генерал-лейтенанти милитсия Назарзода Шариф Раҳмон аз дастоварду нишондодҳои кории милитсияи вилоят дар давраи 9 моҳи соли ҷорӣсуханронӣ намуда, таъкид дошт,ки дар давраи мазкур қувваю воситаҳои мақомот ҷиҳати таҳкими сулҳу субот, мубориза зидди таҳдиду хатарҳои замони муосир, пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб, коҳиш додани шиддати ҷинояткорӣ ва шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, саҳм гузоштан дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии қишрҳои гуногуни ҷомеа, таҳкими ҳамкорӣ бо шохаҳои гуногуни ҷомеа сафарбар карда шуда, ӯҳдадориҳои ба зиммаи корманди мақомоти милитсия гузошташуда,дар сатҳи баланди касбӣ таъмин гардиданд.

Дар идомаи ҷаласа, вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро оид ба пешгирии падидаҳои халалдоркунандаи тартиботу оромии ҷомеа, таҳкими мубориза зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, терроризм ва экстремизм, аз муомилот боздоштани гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, пешгирии вайрон намудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо ва доир ба пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон андешаронӣ сурат гирифта, милитсияи Хатлон андешаронӣ намуд.



Дар қисмати дигари ҷаласаи мазкур фаъолияти ҳар як Шуъбаҳои ВКД дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ҷузъу томҳои он вобаста ба самтҳо ва ӯҳдадориҳои хизматӣ мавриди баррасӣ ва натиҷагирӣ қарор дода шуданд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода