Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Аз хуни ҷигар ранг пазирад сухани мо


Аз хуни ҷигар ранг пазирад сухани мо



(Нигоҳе ба маҷмуи “Рисолати муҳаррир”-и Носирҷон Маъмурзода, Саттор Қарахонов,Бохтар, 2024. - 118 саҳ).

Боиси  арҷгузорист,  ки  бо ташаббус  ва  ибтикори  кормандони  рӯзномаи  вилоятии “Хатлон”  Носирҷон  Маъмурзода  ва  Саттор  Қарахонов  ба истиқболи  95-солагии  таъ-сисёбии  нашрияи  вилоятии “Хатлон”  маҷмуаи  арзиш-манде  бо  унвони  “Рисолати муҳаррир” ба табъ расид.

Аз пешсухани он бармеояд, ки маводи он аз мусоҳибаву очеркҳо иборат буда, ҳаёт ва фаъолияти муҳарриронро бозгӯ мекунад. Маҷмуа  асосан  аз  ду  бахш  иборат  буда, бахши  аввал  “Қаламам  умри  ҷовидони  ман аст”  ном  дорад.  Муаллифони  китоб  дар  ин бахш, ки фарогири андешаҳои сирф илмист, то  ҷое  заҳмат  ба  харҷ  дода,  хонандаро  аз заҳмати  касби  муҳаррирӣ,  кору  пайкори  ӯ, бахусус  масъулияти  муҳаррирӣ  дар  партави  талаботҳои  давлатдорӣ,  иҷрои  қонунҳои тарҳрезишудаи  он,  матолиби  инъикоскунандаи  фаъолияти  ҷомеа,  ҳамоҳангсозии  кор дар  идора,  муносибат  ба  одамони  эҷодкор, мухбирони  ғайриштатӣ  ва  дигар  мушкилоти муҳарририро  хеле  дақиқназарона  ба  қалам додаанд.

Дар бахши дуюм муаллифон аз ҳаёту фаъолияти муҳаррирони рӯзномаи шуҳратёфтаи “Хатлон”  тайи  95  соли  сипаригашта,  қиссаю мусоҳибаҳои ҷолиб ва маводҳои арзишманди дастраснамудаи  таърихиро  пешкаши  хонанда гардонидаанд.

Аз  дидгоҳи  жанри  публитсистӣ  “Рисолати  муҳаррир”  қаламкаши  ҷавонро  ба  сарнавишти  пуртазоди  рӯзнома,  сайри  таърихии он,  ҳаёт  ва  рӯзгори  муҳаррирони  нашрия, заҳмати  муҳаррирӣ,  фаъолияти  таҳиягарӣ, ҳамоҳангсозии кор дар редаксия, мақому мартабаи муҳаррир дар ҷомеа ва дигар паҳлуҳои эҷодкорӣ ҳусни шиносоӣ бахшидаанд. 

Рӯзномаи вилоятии “Хатлон” дар гузашта бо  номҳои  пурифтихори  “Зарбдори  сохтмони  Вахш”  (Ударник  Вахшстроя),  “Пахтакори сурх”, “Роҳи Ленинӣ”, “Ҳақиқати Қӯрғонтеппа”, “Навиди  Вахш”,  “Ҳақиқати  Хатлон”,  баъдан бо  номи  “Хатлон”  ба  нашр  расида,  дар  масири  фаъолияташ  чеҳраҳои  тобноки  олами рӯзноманигории  тоҷик:  Насрулло  Абдуллоев,  Мирсаид  Миршакар,  Сафо  Ашӯров, Қувваталӣ  Холов,  Шоҳмузаффар  Ёдгорӣ, Муқим  Абдураҳмонов,  Ҳақназар  Ғоиб, Шералӣ  Яҳёев,  Абдувалӣ  Абдувоҳидов,  Нуриннисо  Муртазоева,  Асалмо  Сафарзода  ва Носирҷон Маъмурзода, ки ҳар кадом масъулияти  баланди  сардабирии  ин  нашрияи  шарафманди  вилоятиро  дар  қисмати  ҷанубии мамлакат ба уҳда доштанд, тибқи маводҳои таърихӣ,  хотирот,  мубоҳисаю  мулоқотҳо сареҳан арзишманд арзёбӣ ёфтаанд.

Барҳақ, муҳаррирони номбурда ҳар кадом эҷодкорони  соҳибмактабе  буда,  анъанаҳои неки  суннатии  ин  мактаби  офарандагиро  ба наслҳои  ҷавони  қаламкаш  (журналистон) омӯхта омадаанд.

Мусаннифони рисола зимни баёни шарҳи ҳоли муҳаррирон ба таври боварибахш таъкид намудаанд, ки сардабирони рӯзнома дониши  васеъ,  маҳорати  касбӣ, ҷаҳонбинии маърифатӣ дошта: “Ҳар яке дорои сабки хоси роҳбарӣ, аммо нисбат ба кори худ яксон серталаб буданд”.

Мавриди  зикр  аст,  ки  андешаҳои  жур-налисти  чирадаст  ва  шоир Абдулқодири Раҳимро  оид  ба  масъулияти   муҳарририи Шоҳмузаффар  Ёдгорӣ  пеши  рӯ  орем: “Шоҳмузаффар  Ёдгорӣ  кори  рӯзномаро  аз адабиёт  муқаддам  донисту  боло  гузошт,  вагарна, аз беҳтарин шоирони даврони мо мегардид”. 

Муқим Абдураҳмонов солҳои 1978 – 1992 ба  ҳайси  сармуҳаррири   “Ҳақиқати  Хатлон”  ифои  вазифа  доштанд.  Ӯ  дар  суҳбат бо  хабарнигори  “Хатлон”  аз  воқеъаҳои  хо-тирмони  сардабирӣ,  солҳои  дар  байни  обу оташ  мондани  кормандони  рӯзнома  ёдо-вар  шуда,  бо  таассуф  дар  бораи  аз  дасти силоҳбадастони мухолиф ба қатл расонидани  муҳаррири  рӯзномаи  ноҳияи  Коммунистӣ (ҳоло  Кӯшониён)  Тӯрабой Қобилов, рӯзноманигорони варзида Шарифамоҳ Кишварова,  Шарофиддин  Қосимов,  Олимҷон Ёрасенов,  Пиримқул  Сатторӣ,  Саидҷалол Фахриддинов,  Ҳомидҷон  Ҳакимов,  ки  ба шаҳодат расида буданд, суҳбатҳои дардомезе тарҳрезӣ ёфтаанд, ки онҳо баёнгари сар-навишти рӯзнома маҳсуб меёбанд.

Ё   худ   андешаҳои   Шоири  халқии Тоҷикистон  Ҳақназар  Ғоиб,  ки  солҳои зиёд  сармуҳаррири   рӯзномаи  вилоятии «Роҳи  Ленинӣ»  буд,  лабрези  шукргузорӣ аз  мақомотҳои  давлатист.  Ӯ  дар  суҳбат бо  сардабири  имрӯзаи  рӯзномаи  “Хатлон” Носирҷон  Маъмурзода  аз  он  ифтихормандона  шукргузорӣ  намудааст,  ки  дар  ҳама давру  замон  роҳбарият,  давлат  ба  заҳмати қаламкашон арҷгузорӣ менамуданд. 

Рӯзномаи “Роҳи Ленинӣ” соли 1983 ба мукофоти давлатӣ “Нишони фахрӣ” шарафманд шуда буд, ки мо онро муҳимтарин дастоварди қаламкашони вилоят арзёбӣ менамоем.

Ҳаққо, дар “Рисолати муҳаррир” қиссаҳои хондание рӯйи чоп омадаанд, ки хонанда аз рӯзгори пуртазоди муҳаррирон саҳеҳтар огоҳӣ меёбанд.

-  Боиси  ифтихор  ва  сарфарозист,- қайд  мекунанд  муаллифони  рисола,-  маҳз муҳаррирони  номбурда  тавонистанд,  ки дар  амалӣ  гардидани  сиёсати  давлатдорӣ, таблиғи илму маориф, фарҳанг, тарзи ҳаёти солим, раҳоӣ аз ҳар гуна амалҳои номатлуб, баҳри пешрафти ҷомеа саҳмгузор бошанд”.

Воқеан,  теъдоди  нашри  рӯзнома фараҳбахш  аст.  Рӯзнома  солҳои  2000-ум, дар  замони  сардабирии  Асалмо  Сафарзода ба теъдоди 8 000 нусха рӯйи чопро медид. Ба гуфтаи  сардабири  рӯзнома  Н.  Маъмурзода ҳоло рӯзнома ҳафтае ду маротиба бо теъдоди 15000 нусха дастраси хонандагон мегардад, ки мо дар ин иқдомот дастгирии ҳамаҷонибаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро бараъло эҳсос менамоем.

Иқдомоти  сармуҳаррири  рӯзномаи  “Хат-лон” Н. Маъмурзодаро дар бораи аз ҳисоби фонди захиравии рӯзнома ба чоп расонида-ни   китобҳои  “Эъҷози  Истиқлол”,  “Кишвар-духт”, “Боргоҳи маънӣ”, “Шукрона”, “Рисолати муҳаррир”,  “Берунӣ  ва  Тахти  сангин  -  мояи ифтихори  тоҷикон”,  “Ифтихори  ватандорӣ”, “Садоқат ба Пешвои миллат – садоқат ба Ва-тан”,  “Журналистикаи  Хатлон”  хизмати  соф-дилона ва содиқона дар иҷрои касби пуршарафонаашон баҳогузорӣ менамоем.

Маҷмуаи “Рисолати муҳаррир” дар коғази офсет тайи 118 саҳифа ба теъдоди 120 нусха дар  чопхонаи  «Матбаа»-и  шаҳри  Бохтар  бо сифати баланд ба нашр расидааст. 

Мо  рӯйи  чоп  омадани  онро  чун  арзи садоқат,  эҳтирому  арҷгузорӣ  ба  заҳматҳои мондагори  сардабирони  рӯзномаи  “Хатлон” басо хуш ҷонибдорӣ менамоем.

Омӯзиш  ва  баҳрабардорӣ  аз  “Рисолати  муҳаррир”  барои  рӯзноманигорон, донишҷӯёни  ихтисосҳои  рӯзноманигорӣ ва  алоқамандони  публитсистикаи  тоҷик армуғони арзишманду муфид ва ҷолиб хоҳад буд. 

Пиралӣ ҚУРБОНОВ, 
муовини директори МТМУ № 40-и
н. Муъминобод
Зайнаббӣ АШӮРОВА, 
омӯзгори МТМУ № 84-и н. Данғара 
Рухшона ҚУРБОНОВА,
омӯзгори МТМУ № 6-и н. Восеъ

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода