ҒУЛОМИ ҚОНУН БОШ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 16 октябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 217
Бо қабул гардидани нахустин Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварамон дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа дигаргуниҳои куллӣ ба вуҷуд омад.
Созмони Милали Муттаҳид ва Созмо-ни амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар байни Конститутсияҳои 10 давлати демократии дунё яке аз беҳтаринҳо арзёбӣ намуданд.
Дар давоми 30 соли қабул ва маври-ди амал қарор гирифтани Конститутсия ҷомеаи шаҳрвандӣ дар атрофи Пешвои маҳбуби миллат муттаҳид гардида, бо риояи талаботи Конститутсия дар бунёди давлатии миллӣ, таҳкими истиқлолият ва ваҳдати миллӣ дастовардҳои беназиру таърихиро ба даст овардааст.
Риоя ва эҳтироми қонунҳо дар моддаи 42-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин зикр гардидааст: «Дар Тоҷикистон ҳар шахс вазифадор аст, ки Конститутсия ва Қонунро риоя кунад, ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд».
Надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад. Воқеан ҳам Конститутсия оинаи маърифати ҳуқуқӣ маҳсуб меёбад, зеро он сарчашмаи ҳамаи қонунҳо мебошад. Таъмини қонуният, риояи ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд, амният ва суботу оромӣ танҳо ҳамон вақте тақвияту амалӣ мегарданд, ки мардум маърифати баланди сиёсию ҳуқуқӣ дошта, ҳуқуқу озодӣ, уҳдадориҳои шаҳрвандии худ, дигаронро донанд ва риоя намоянд.
Дар ин маврид ҳам Президенти кишварамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояш таъкид менамоянд: “Рушди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ба сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии аҳолӣ вобастагии зиёд дорад.
Аммо мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки солҳои охир бархе аз наврасони мо аз пайи донишандӯзӣ нашуда, мутаассифона, ба қонунвайронкунӣ даст зада, зӯроварӣ ва бетартибиҳоро ташвиқ менамоянд. Албатта, ин амалҳои номатлуб ба мафкураи то ҳол ташаккулнаёфтаи онҳо таъсири манфӣ мерасонад.
Аслан омӯзиши асосҳои ҳуқуқшиносӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии хонандагон аз мактаб оғоз меёбад. Зеро омӯхтани илму дониш, таълиму тарбия ва одобу маърифатнокии хонандагон маҳз дар мактаб ҳамчун боргоҳи илму маърифат амалӣ мегардад.
Мо-омӯзгорон кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки дар раванди таълиму тарбия тибқи талаботи замони муосир зарурату талаботи Конститутсия ва иҷрои санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқиро амалӣ созем.
Ба ҳамагон маълум аст, ки шароити имрӯзаи зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, бархӯрди тамаддунҳо, шиддат гирифтани муборизаи абарқудратҳои ҷаҳон ва рақобати ширкатҳои фаромиллӣ дар назди ҷомеаи мо талаботу вазифаҳои нав мегузорад.
Дар ин робита Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор доштанд: “Вазъи мураккабу ташвишовари минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла торафт шиддат гирифтани раванди азнавтақсимкунии дунё, яроқнокшавии бошитоб, “ҷанги сард”, таҳдиду хатарҳои муосир-терроризму экстеремизм, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ моро во-дор месозад, ки барои таъмин намудани амнияти мудофиавии кишварамон тадбирҳои иловагӣ андешем”.
Ҳангоми таълими фанни “Асосҳои давлат ва ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Ҳуқуқи инсон” шавқу рағбати хонандагонро ба эҳтирому риояи Конститутсия, кодексҳо ва дигар асноди меъёрӣ-ҳуқуқӣ баланд бардошта, таъкидҳои мутафаккиронро ёдрас менамоем, ки гуфтаанд: “Агар хоҳӣ, ки шахси озод бошӣ, ғуломи қонун бош”.
Барои боз ҳам баланд бардоштани дониш ва маърифати ҳуқуқии хонандагон ба онҳо супоришҳои иловагӣ ва амалӣ медиҳем ва ба онҳо тавсия медиҳем, ки оид ба мавзуъҳои ватандӯстӣ, ҳифзи табиат, маърифати оиладорӣ, ҳифзи марзу буми кишвар ва арҷгузорӣ ба арзишҳои фарҳангии миллати куҳанбунёдамон рефератҳо нависанд.
Дар доираи эълон гардидани “Соли маърифати ҳуқуқӣ” дар литсей вохӯриҳоро бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор менамоем.
Бомаърифат гардонидани насли наврас, баланд бардоштани таваҷҷуҳи онҳо ба арзишҳои миллӣ, фарҳанг, забон, мероси таърихӣ ва рас-му оинҳои аҷдодӣ рисолати мо-омӯзгорон аст.
Зинатгул ШОБАЛХИЕВА,
омӯзгори литсейи давлатии №1-и шаҳри Бохтар
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...