Фестивали «Оши палов» кай мешавад?
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 16 октябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Арсаи кишоварзӣ / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 249
Рӯзи 20 октябр дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии пойтахт Иди Меҳргон дар якҷоягӣ бо Фестивали занбӯрпарварон, намоиш-фурӯши асал, Иди себу ангур ва Фестивали «Оши палов», намоиш-фурӯши шолӣ ва биринҷ баргузор мегардад.
Ба рӯзномаи «Хатлон» дар Сарраёсати кишоварзии вилоят хабар доданд, дар саҳни ҷашнгоҳ деҳқонон аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ, аз он ҷумла аз вилояти Хатлон, дастранҷи худ – маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили навъҳои гуногуни биринҷу шолӣ, себу ангур, сабзавот ва меваҷотро, ки хоси ҷашни Меҳргон аст, ба намоиш мегузоранд.
Ҳамчунин аз ҷониби беҳтарин кадбонуҳои Хатлон хӯрокҳои миллӣ омода гардида, ҳунармандони мардумӣ маҳсули дасти хешро манзури сокинон ва меҳмонони пойтахт мегардонанд. Инчунин дар ин идгоҳ маҳсулоти кишоварзӣ бо нархи дастрас пешниҳоди сокинон гардонида мешавад.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...