Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО ГУБЕРНАТОРИ ВИЛОЯТИ НОВОСИБИРСКИ РУСИЯ


МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО ГУБЕРНАТОРИ ВИЛОЯТИ НОВОСИБИРСКИ РУСИЯ




Имрӯз, 10 октябр, дар шаҳри Душанбе раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо губернатори вилояти Новосибирски Федератсияи Русия Андрей Травников дидору мулоқот анҷом дод. 

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба вазъи кунунии ҳамкориҳои мутақобила байни вилоятҳои Хатлон ва Новосибирск табодули назар карданд.

Ҳамчунин ҳавасмандии ҷонибҳо ба роҳандозии ҳамкориҳои фаъоли байни минтақаҳо дар самти рушди муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва ҷалби сармоя, инчунин амалисозии лоиҳаҳо қайд шуд.

Дар мулоқот зикр гардид, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба таҳким ва густариши робитаҳои дуҷониба, аз ҷумла тавсеаи ҳамкорӣ дар рушди иқтисодии дуҷониба ҳавасманд мебошад.


Раиси вилояти Хатлон губернатори вилояти Новосибирски Русияро ба Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест - 2024» ва “Бохтар Фуд”, ки рӯзҳои 17-18 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Бохтар баргузор мешаванд, даъват намуд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода