Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Хатлон соҳиби 16 ҷой гардид


Хатлон соҳиби 16 ҷой гардид



Дар  Театри  опера  ва  балети  ба  номи  Садриддин  Айнӣ маросими  ҷамъбасти  даври ниҳоии  озмуни  ҷумҳуриявии «Тоҷикистон  -  Ватани  азизи ман» ва туҳфасупорӣ ба ғолибон баргузор гардид.

Дар  ин  озмун  вилояти  Хатлонро  136  нафар  довталаб  намояндагӣ карданд.  Дар   натиҷаи   ҳунарнамоии довталабон  муяссар  шуд,  ки  16  нафар аз Хатлон сазовори ҷойҳои намо-ён гарданд. Аз он ҷумла 1 ҷойи якум, 8  ҷойи  дуюм  ва  7  ҷойи  сеюм  насиби ҳаваскорони санъати вилояти Хатлон шуд.

Маврид ба зикр аст, ки аз 25 шаҳру ноҳияи  вилояти  Хатлон  дар  даври вилоятии  озмун  беш  аз  800  нафар довталаб  иштирок  карда,  ба  даври ҷумҳуриявии  он  136  довталаб  тибқи низомномаи озмун роҳхат гирифта буданд. 

Мақсад  аз  баргузории  озмун муаррифии  фарҳанги  волои  миллати  тоҷик,  таблиғ  ва  эҳёи  санъати  миллӣ,  эҳтиром  ва  арҷгузорӣ  ба суннатҳои  неки  аҷдодӣ,  баланд  бардоштани  сатҳи  касбии  асарҳои  нави мусиқӣ,  навозандагӣ,  сарояндагӣ, маҳорати  касбии  ҳунари  мусаввирӣ, ҳайкалтарошӣ,  ороишгарӣ  ва либосдӯзӣ,  интихоби  намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд, коллексия ва асарҳои рассомӣ мебошад.

Н. САИДАБРОР, «Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода