Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Мулоқоти раиси вилоят бо ноиби якуми президенти БАТР


Мулоқоти раиси вилоят бо ноиби якуми президенти БАТР




Дар  шаҳри  Бохтар  раиси  вилояти  Хатлон Давлаталӣ  Саид  бо  ноиби  якуми  Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) Марк Боуман мулоқот намуд.

Дар мулоқот роҳбари Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) дар Тоҷикистон Холгер Вифел, муовини директор, намояндаи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Бахтиёр Файзиев, бонкдори пешбари сектори  Агробизнес  Муҳаммад  Дадабаев  ва  таҳлилгарони  БАТР Рафиқҷон Оқилов ва Олеся Икромӣ низ иштирок доштанд.

Дар мулоқоти ҷонибҳо масоили иқтисодиву сармоягузорӣ дар самтҳои обрасонӣ, энергетика, хизматрасонии нақлиёти мусофирбар, сохтани гармхонаҳо ва ғайра мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.

Раиси  вилоят  бо  ёдоварӣ  аз  рушди  соҳаҳои  гуногуни  хоҷагии халқи  вилоят  саҳми  Ташкилоти  байналмилалии  молиявиро  дар татбиқи  тарҳҳои  бузург  назаррас  арзёбӣ  намуд.  Бо  сармоягузории Бонки аврупоии таҷдид ва рушд то имрӯз як қатор тарҳҳо, аз ҷумла лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳри Бохтар» амалӣ шудааст.

-Мо сафари навбатии ҳайати Бонки аврупоии  таҷдид  ва  рушдро  ба  шаҳри Бохтар  барои  баррасии  натиҷаҳои корҳои  анҷомдодашуда  ва  рушди марҳилаҳои  нави  ҳамкориҳо  байни минтақаи  Хатлон  ва  БАТР  имконияти хуб медонем, - афзуд Давлаталӣ Саид.

Амалисозии  лоиҳаи  “Рушди нақлиёти  ҷамъиятии  вилояти  Хатлон” бо дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  сурат  гирифта, мақсади татбиқи он ҷорӣ намуда-ни хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятии дохилишаҳрӣ  ва  наздишаҳрӣ  бо  истифода  аз  автобусҳо,  баланд  бардоштани  сифати  хизматрасонии  мусофирбар,  паст  кардани  ҳолати  тамбашавии нақлиёт  дар  роҳҳои  мошингард,  баланд  бардоштани  бехатарии  ҳаракат дар  роҳҳо  ва  беҳтар  намудани  вазъи экологӣ иборат мебошад. 

 -  Мо  ба  роҳандозии  ҳамкорӣ  бо ҷалби  БАТР  барои  амалӣ  намудани лоиҳаҳо  дар  соҳаҳои  инфрасохтори роҳу  нақлиёт,  самаранокии  энергия  ва таъмини гармӣ, комплекси агросаноатӣ Пеш аз оғози барномаи консертӣ дар  саҳни  Қасри  фарҳанг  намоиши  ҳунарҳои  мардумӣ,  ба  мисо-ли  чакан,  тоқӣ,  гулдӯзиҳои  миллӣ, асбобҳои  миллии  доира,  таблак, лабчанг,  сабадбофӣ  ва  муаррифии  китобҳо  доир  ба  ҷашни  фа-лак  ва  фарҳангшиносӣ  аз  тарафи китобҳонаҳои  шаҳрӣ  ва  минтақавӣ ороста шуд. 

Меҳмонон  ва  иштирокчиёни чорабинӣ аз ин намоиш дидан намуданд. Намояндаи  Мақомоти  иҷроияи ҳокимияти  давлатии  вилояти  Хатлон  аҳли  толорро  ба  муносибати  ин ва рушди сектори хусусӣ, махсусан  дар  деҳот  манфиатдорем, - гуфт раиси вилоят. Ноиби  якуми  Президен-ти  Бонки  аврупоии  таҷдид  ва рушд  (БАТР)  дар  Тоҷикистон Марк Боуман дар навбати худ таъкид кард, ки бонк омода аст барои ҳамаи самтҳои афзалиятнок маблағгузорӣ намояд.

Бояд  зикр  намуд,  ки  лоиҳаҳо  дар самти  идоракунии  партовҳо  дар шаҳрҳои  Бохтар,   Кӯлоб,   Норак ва ноҳияи Ёвон, таъминот бо оби нӯшиданӣ  дар  шаҳри  Норак  ва рушди  хизматрасонии  нақлиёти ҷамъиятӣ  дар  вилояти  Хатлон бо  маблағи  умумии  30,2  миллион доллари амрикоӣ бевосита амалӣ шуда истодаанд.

Раиси  вилоят  Давлаталӣ Саид қайд намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон инкишофи  бахши  хусусӣ,  соҳибкорӣ ва  сармоягузориро  дар  Стратегияи  миллии  рушд  барои давраи  то  соли  2030  ҳамчун воситаи  асосии  таъмин  намудани  ҳадафҳои  миллӣ  му-айян  кардааст.  Дар  доираи стратегияи  мазкур  татбиқи Барномаи  дастгирии  давлатии  соҳибкорӣ  қабул  гардид, ки  дар  самти  дастгирии  давлатии  фаъолияти  субъектҳои соҳибкорӣ  яке  аз  санадҳои асосӣ ба ҳисоб меравад.

Изҳори  итминон  карда шуд,  ки  чунин  мулоқотҳо  ба рушди ҳамкориҳои минбаъдаи Мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти давлатии  вилояти  Хатлон  ва Бонки  аврупоии  таҷдид  ва рушд такони хуб мебахшанд.

Инчунин,  дар  ҷараёни мулоқот  дастгирии  бахши хусусӣ, рушди соҳибкории хурду миёна, таҷдиди корхонаҳои саноатӣ  баррасӣ  шуда,  дастгирии  молиявии  Бонки  аврупоии  таҷдид  ва  рушд  дар амалигардонии  стратегияи саноатикунонии  Тоҷикистон зарур шуморида шуд.

«Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода