Таҷлили Рӯзи фалак
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 10 октябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 199
Ба ифтихори Рӯзи Фалак 7 октябр бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар Қасри фарҳанги шаҳри Кӯлоб чорабинии бошукуҳи ҳунарӣ баргузор гардид.
Пеш аз оғози барномаи консертӣ дар саҳни Қасри фарҳанг намоиши ҳунарҳои мардумӣ, ба мисоли чакан, тоқӣ, гулдӯзиҳои миллӣ, асбобҳои миллии доира, таблак, лабчанг, сабадбофӣ ва муаррифии китобҳо доир ба ҷашни фалак ва фарҳангшиносӣ аз тарафи китобҳонаҳои шаҳрӣ ва минтақавӣ ороста шуд.
Меҳмонон ва иштирокчиёни чорабинӣ аз ин намоиш дидан намуданд. Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон аҳли толорро ба муносибати инҷашни фархунда таҳният гуфт.
Қайд гардид, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин навъи мероси халқӣ таваҷҷуҳи хоса дошта, бо заҳмату кӯшишҳои ӯ Фалак ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият - ЮНЕСКО ворид гардид.
Дар қисмати дуюми чорабинӣ барномаи консертии ҳунармандони ансамбли «Фалак» пешкаши меҳмонону иштирокчиён гардонида шуд.
А. АБДУЛМАҶИД,
«Хатлон
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...