Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Соҳаи тандурустӣ. Фаъолият бояд муассир бошад


Соҳаи тандурустӣ. Фаъолият бояд муассир бошад




Дар  маҷлисгоҳи  Беморхонаи  клиникии  вилоятии  ба номи  Бурӣ  Воҳидови  шаҳри  Бохтар  ҷаласаи  ҷамъбасти фаъолияти  муассисаҳои  соҳаи  тандурустии  вилояти Хатлон бо иштироки муовини раиси вилоят Анзурат Абдусаломзода доир гардид.

Дар  кори  ҷаласа  фаъолияти 9-моҳаи  марказҳои  саломатии  25 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт. Муовини  раиси  вилоят  Анзурат  Абдусаломзода  бо  таъкид  ба дастовардҳои соҳа, ҳамчунин аз вазъи кунунии  муассисаҳои  тандурустӣ, марказҳои  хизматрасониҳои  тиббӣ, марказҳои репродуктивӣ ва бунгоҳҳои тиббии  шаҳру  навоҳии  вилоят интиқод намуд. Зимнан, аз норасоии кадрӣ дар ин соҳа зикр шуд, ки айни ҳол  муассисаҳои  тандурустии  вилоят  ба  696  нафар  мутахассис  ниёз доранд.  Танҳо  дар  давоми  се  моҳ 24  нафар  мутахассисон  ба  кор  дар муассисаҳои тиббӣ ҷалб гардидаанд. 




Дастур  дода  шуд,  ки  камбудиҳои мавҷуда, аз ҷумла вобаста ба фавти модару кӯдак, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ,  хизматрасонии  тиббӣ  дар маҳал ва дигар мушкилот дар фаъолияти  ниҳодҳои  соҳаи  тандурустии вилоят дар кутоҳтарин фурсат барта-раф карда шаванд.

А. РИОЕВ, «Хатлон

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода