ТЕМУРМАЛИК: БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНИИ МАЪРИФАТИЮ ТАРҒИБОТИИ “САДОҚАТИ ВАТАНДОРӢ”
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 09 октябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 151
Ҷиҳати татбиқи амалии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Амри раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва нақша чорабинии ҳукумати ноҳияи Темурмалик вобаста ба сазовор таҷлил намудани 35-солагии Истиқлоли давлатӣ. Дар ноҳияи Темурмалик чорабинии маърифатию тарғиботии «Садоқати ватандорӣ» баргузор гардид.
Тибқи нақша дар Ҷамоатҳои деҳоти ноҳия мулоқоту вохӯрӣ ва чорабинии маърифатию тарғиботӣ аз тарафи гурӯҳҳои корӣ гузаронида шуд. Дар чорабинии мазкур намояндагони ҳукумати вилоят дар минтақаи Кӯлоб ва намояндагони ВАО-и маҳаллӣ, ҷумҳуриявиу вилоятӣ иштирок намуданд.
Намояндагони Гурӯҳи корӣ аз намоиши либоси миллӣ, анъанаҳои мардумӣ, намоиши фарҳангӣ, ки дар Қасри фарҳангии Ҷамоати деҳоти Танобчӣ ба намоиш гузошта шуда буд, боздид намуданд.
Инчунин, усули хона ба хонаро, ки роҳандозӣ шуда буд, аз якчанд хонаи шаҳрвандон, ки дар истифодаи самараноки замини наздиҳавлигӣ бо захираи хӯрока ва занбӯрпарварӣ ва мешпарварӣ саҳми худро дар таъмини амнияти озуқавории ноҳия мегузоранд, шиносоӣ пайдо карданд.
Сипас, дар Қасри фарҳангии Ҷамоати шаҳраки Баҳманрӯд, аз ҳунарҳои чирадастони ноҳия ба мисоли қуроқдӯзию гулдӯзӣ ва дигар маҳсули онҳо, ки ба намоиш гузошта буданд, боздид ба амал оварда, аз намоиши фарҳангии маҳфили ҳаваскорони ҷавони ноҳия низ дидан намуданд.
Гурӯҳҳои дигари корӣ аз ҳунарҳои мардумии сокинони деҳоти ноҳия, ба мисоли гулдӯзию қуроқдӯзӣ, тоқидӯзию чакандӯзӣ, табақтарошию чӯбтарошӣ, боздид намуданд. Инчунин, аз муассиси давлатии «Маркази ҳунарҳои мардумии ноҳия», ки бо атласбофию адрасбофӣ, қуроқдӯзию чакандӯзӣ, курпачаю болиштдӯзӣ, муҳразанӣ Зимни боздид бо сокинони деҳоти ноҳия суҳбатҳои сарироҳӣ намуданд.
Гурӯҳҳои корӣ аз усули вохӯрию мулоқот бо сокинон аз усули «хона ба хона», аз самаранок истифодабарии замини наздиҳавлигии сокинони шаҳраку деҳоти ноҳия низ боздид ба амал оварданд. Мушоҳида гардид, ки шаҳрвандон заминҳои наздиҳавлигиро самаранок истифода бурда, ки бо ин роҳ оилаи худро таъмин ва саҳми худро дар иҷрои буҷаи ноҳия мегузоранд.
Тибқи нақшаи корӣ дар ҳамаи Ҷамоатҳои деҳоти ноҳия Корвони саломатӣ ташкил шуда буд, ки аз субҳи барвақт мизоҷон барои ташхис ва тавсия гирифтан аз табибон ба Маркази саломатии деҳот муроҷиат менамуданд.
Гурӯҳи корӣ аз толору тамрингоҳҳои ноҳия, ки дар деҳаҳои ҷамоатҳои ноҳия, бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ ба таври замонавӣ сохта шудаанд, боздид намуда, аз дастовардҳои варзишии ҷавонону наврасони ноҳия шинос шуданд ва бо онҳо суҳбат оростанд. Гуфта шуд, ки дар соли равон дастовардҳои варзишии ноҳия назаррас ҳастанд.
Ҳамзамон дар ин рӯз дар доираи чорабинии вилоятии "Садоқати Ватандорӣ" дар деҳаи Шибанайи Ҷамоати деҳоти Чилчаҳ, Ҷамоати деҳоти Кангурт, ки бо самимияти хос намоиши дастовардҳо ва ҳунарҳои мардумиро ташкил намуда буданд, аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба фаъолон ва омӯзгороне, ки дар таълиму тарбияи насли наврас саҳми назаррас доранд, Сипосномаҳо супорида шуд.
Дар вохӯрию мулоқот гурӯҳҳои корӣ таъкид доштанд, ки тибқи дастури амри раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид чорабинии мазкур бо мақсади пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии шаҳрвандон, ҳифзи арзишҳои миллӣ, риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», роҳандозӣ шудааст.
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...