Мунаввара бо дуои неки падар сабзидааст
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 05 октябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 197
Олимон математикаро шоҳи фанҳо номидаанд. Ба насли наврас таълим додани ҳисобу китоб яке аз вазифаҳои асосии омӯзгорони фанни математика ва алгебра дар муассисаҳои таълимӣ ба ҳисоб меравад.
Ҳар як омӯзгор дар муассисаи таълимӣ кӯшиш мекунад, ки бо истифода аз усулу воситаҳо, аёниятҳои дарсӣ формулаву амалҳои душвори математикиро ба насли наврас осону фаҳмо омӯзонад. Омӯзгори ботаҷрибаву соҳибмалака, ки бо тарзи хоси дарсгузарӣ, муоширату муносибат ва корбурди усулҳои фаъоли таълим аз дигар омӯзгорон фарқ мекунад-омӯзгори фанни алгебраи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №-1-и ноҳияи Кӯшониён Мунаввара Ҳайдарова мебошад. Ӯ солҳои зиёд аст, ки дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Кӯшониён аз ин фан ба насли наврас дарс мегӯяд.
Ӯ зодаи Ҷамоати деҳоти Файзалӣ Саидов буда, таҳсилоти миёнаро дар зодгоҳаш гирифтааст. Падараш амаки Рустам дар хоҷагӣ ронанда шуда кор ме-кард, ба таълиму тарбия ва саводнок шудани Мунава-раю хоҳараш аҳамияти зиёд медод. Рӯзе амаки Рустам духтаронашро ба наздаш ҷеғ заду онҳоро навозишкорона насиҳат намуд.
- Ман писар надорам. Аз ин рӯ, ба Шумо насиҳат мекунам, ки дар мактаб хубу аъло таҳсил карда, савод омӯзед, бекор нагардед, вақти худро беҳуда сарф накунед, бештар китобҳои бадеӣ мутолиа намоед. Ҳамаи онҳо дар оянда ба шумо лозим хоҳанд шуд, - гуфт амаки Рустам ва ба оғози роҳи камолоти фарзандон даст ба дуо бардошт.
Мунаввараи хурдсол аз ҳамон рӯз насиҳати падарро шиори ҳаёту зиндагиаш кард.
Дар мактаб хонандаи фаъол буд. Рафтору гуфтор, тарзи дарсгузарӣ ва муносибати омӯзгорони мактаб ба Мунаварра писанд буд. Ӯ орзу мекард, ки бузург шавад, албатта омӯзгор мешавад. Меҳрубонӣ ва тарзи сухангӯии омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик дар мактаба-шон буд, ки, орзуи мисли ӯ шуданро дар дил мепарварид. Пайваста забони тоҷикиро меомӯхт, осори гузаштагонро аз худ менамуд.
Ба бахти толибилмон дар вақти ба синфи болоӣ гузаштанашон, аз ноҳияи Дарвоз ба муассисаи онҳо омӯзгори нави фанни алгебра ва геометрия омада, ба онҳо дарс
мегузашт.
-Тарзи дарсгузарӣ, муносибат, усулҳои фаҳмонидан, шарҳи мавзуъ аз ҷониби ин омӯзгор маро шефтаи худ намуд. Ман ба фанҳои дақиқ, махсусан алгебра меҳр бастам. Маҳз дарсҳои ҳамин омӯзгор буд, ки ман равияи математикаро интихоб намудам, - ба хотир меорад даврони мактабхониашро муаллима М. Ҳайдарова.
Соли охирини мавҷудияти давлати абарқударти Иттиҳоди Шуравӣ Мунаввара Ҳайдарова мактаби миёнаро хатм карда, дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дохил мешавад. Айёми донишҷӯйи ӯ ба даврони душвори давлатдории Тоҷикистон рост омад.
Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, бесарусомонӣ дар кишвар, силоҳбадастону қатлу кушторро дида, Мунаввара ва ҳамсолонаш дар донишгоҳ талош мекарданд, ки ба хотири субҳи босафо ва ояндаи нек таҳсил намоянд.
Соли 1995 донишгоҳро бо муваффақият хатм намуд. Бо роҳхати донишгоҳ ба Коллеҷи аграрии савхози ба номи Куйбишеви ноҳияи Коммунистӣ (ҳоло Коллеҷи махсусгардонидашудаи шаҳри Бохтар) роҳхат мегирад.
Муаллима Мунаввара Ҳайдарова, ин воқеаи фаромӯшнашуданиро ба падар мегӯяд ва қиблагоҳаш ба фикр меафтад.
-Духтарам, ин хуб аст, ки ба ту боварӣ карда ба як коллеҷи номдор ба кор мефиристанд. Вале, як андеша намо. Дар мактаби худамон низ омӯзгор лозим аст. Аз ин рӯ корро дар мактаби миёна оғоз намо.
Баъдан директори мактаби деҳа Мунаввараро ба кор даъват мекунад. Нахустин дарсашро бо хонандагони синфи 11 мегузарад. Пас аз хатми донишгоҳ бо ҳамкурсаш оила барпо намуда, соҳиби се фарзанд мешавад.
-Агар дубора имкон мешуд, ҳатман боз касби омӯзгориро интихоб мекардам. Зеро ин касб барои ман як ҷаҳон ифтихор аст. Ҳеҷ гоҳ аз интихобам пушаймон нестам, - мегӯяд М. Ҳайдарова.
Имрӯз ин омӯзгори муваффақ шод аз он аст, ки шогирдонаш дар соҳаҳои гуногуни кишвар кору фаъолият намуда, дар шукуфоӣ ва пешрафти Тоҷикистони азиз саҳмгузоранд.
Т. ТОЛИБ, «Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...