ИСТИҚЛОЛ РАМЗИ ОЛИИ ВАТАНУ ВАТАНДОРИСТ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 07 сентябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳуқуқу амният / Хабарҳо, Боздид 235
Имрӯз миллати тоҷик дар арафаи 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии хеш қарор дорад. Истиқлол ин падидаи давлатдорие мебошад, ки дар фазои он инсон озодана умр ба сар бурда, бо истифода аз ҳуқуқҳои худ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ ҳуқуқи ширкат варзиданро дорад.
Истиқлоли давлатӣ барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозиву давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд.
Ҳодисаву воқеаҳои пурошӯби ибтидои солҳои навадум водор намуд, ки оид ба масъалаи таъмини амнияти милливу давлатӣ, нигоҳ доштани оромии авзои ҷомеа, пойдории сулҳу субот ва таҳкими истиқлолу ҳифзи дастовардҳои он андеша кунем, ки ин ҳама як қисми таркибии сиёсати давлатии мо маҳсуб мешуд. Пас аз як соли эълони Истиқлол, аниқтараш моҳи ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби ноҳияи Б. Fафуров Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба арсаи сиёсат шахсиятеро баровард, ки дастовардҳои минбаъдаи кишвар бо номи ӯ иртиботи ҳамаҷониба доранд.
Миллати азиятдидаи тоҷик барои таҳкими истиқлол, нигаҳдошти якпорчагии марзу бум, расидан ба сулҳу ваҳдат ва ягонагӣ, интихоби роҳи рости рушду тараққиёт Конститутсияи мамлакатро қабул кард. Қабули Конститутсия, яъне соли 1994 барои Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи нави инкишоф фаро расид. Зеро барои расидан ба сулҳи кулл ва Ваҳдати миллӣ пеш аз ҳама, пояи қонунии фаъолияти ҳокимият зарур буд ва инро метавонист танҳо Конститутсияи ҳаматарафа такмилёфта ва мутобиқ ба талаби замон таъмин намояд. Баробари ин якдилона пазируфтани Конститутсия аз ҷониби тамоми халқ нишони эътирофи Ҳукумати қонуниро дошт, ки акнун ду сол мешуд, бо Сарварии фарзанди вафодори миллат Эмомалӣ Раҳмон барои аз вартаи нестӣ берун овардани мамлакати дар ҷанги шаҳрвандӣ харобгардида фаъолияти шабонарӯзӣ мебурд. Кафолати зиндагии осуда ва хурраму озодро барои халқ ин ҳуҷҷати муҳим таъмин менамояд.
Асоси чунин зиндагӣ бошад, меҳнати софдилонаю бунёдкорона аст. Пас, кафолати меҳнати озодона, донишу ҳунаромӯзӣ, истироҳат ва табобат, саҳм гирифтан дар пешрафти мамлакат барои ҳар як шаҳрванд низ аз ҷониби давлат тавассути Конститутсия муайян гардидааст.
Дар шароити кунунӣ, ки ҷаҳони муосир дорад, таҳкими Истиқлол, устувор гардонидани пояҳои давлат ва баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагии инсон барои натанҳо мардуми мо, балки тамоми инсоният мазмуни ҳаётан муҳим пайдо мекунад. Зеро, даҳсолаҳои охир пешрафти босуръати илму техника ва раванди қувват гирифтаистодаи ҷаҳонишавӣ инсониятро ба муҳити комилан нав ворид намуда, боиси
ташаккул ёфтани низоми фарогири равобити сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва иттилоотиву маънавӣ гардидааст.
Мехоҳам таъкид намоям, ки дар баробари соҳиб гардидани Истиқлоли давлатӣ дар ҷумҳурӣ вазифаи ҳар яки мо васеъ гардида, ба мо муяссар шуд, ки кишвари азизамон ба сӯи ҷомеаи демокративу дунявӣ қадамҳои устувор гузорад. Ҳоло, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари озод эътироф шудааст, мо - шаҳрвандони он бояд мисли ангуштони як даст, фарзандони як модар амал намуда, дар бунёди Тоҷикистони навин саҳм гузорему бо миллати худ ифтихор намоем.
Авазҷон НАЗАРЗОДА,
Прокурори вилояти Хатлон
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...