ҲИЗБИ ҲАММАРОМИ МАРДУМ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 07 сентябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 144
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон имрӯз ҳамчун хизби зодаи Истиқлол, ҳизби ормонҳои миллат ва пешқадамтарин неруи сиёсии кишвар муаррифӣ мешавад. Воқеан, сиёсати сулҳҷӯёна, созандаву бунёдкоронаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дохил ва сатҳи баналмилалӣ бо ҳадафҳои ин ҳизб созгор буда, барои татбиқи тасмими рушди босуботи ҷомеаи тоҷикон нақши хосса дорад.
Таъсиси ҳизбҳои сиёсӣ дар давлати демократи-ву ҳуқуқбунёд раванди табиӣ буда, маҳз фаъолия-ти онҳо ба плюрализм, интихоботи шаффофу озод, беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум, ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон мусоидат менамояд. Ҳар як ҳизб барнома, оиннома дошта, дар назди аъзои худ уҳдадориҳоро вогузор менамояд, ки барои амалӣ шудани онҳо нигаронида шудааст. Шаҳрвандон бо назардошти мақсадҳои барои пешравии зиндагиашон манфиатбахш узвияти ҳизберо мепазиранд, ки ба он боварӣ доранд.
Дар Тоҷикистон ҲХДТ ҳамин гуна ҳизби пешрав ва ба рушди ҷомеа эътимодбахш ба шумор меравад. Агар ба омилҳои таъсиси ин ҳизб нигарем, аз оғоз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои хизмат намудан ба манофеи мардуми тоҷик, ҳифзи Истиқлолу сулҳ ва ваҳдати миллӣ ташкил шудааст. Соли 1994 дар даврае, ки кишвари мо дар вазъи аз ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ бо хисороти вазнини иқтисодӣ ва маънавии халқ барои сулҳу оромӣ ва бозгашт ба ҳаёти осо-ишта бо сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талош дошт, ҲХДТ кори муҳимеро ба зимма гирифт. Халқи тоҷик ба ин неруи муттаҳидкунанда ва пешбаранда ниёз дошт. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои ислоҳи буҳрони идеологӣ ва сиёсӣ, раҳнамоии ҷомеа ба созандагиву бунёдкорӣ, баланд бардоштани руҳияи мардум қадамҳои устувор гузошт. Кулли мардуми Тоҷикистон ғояҳои созандаи ин ҳизбро дарк намуд.Имрӯз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сераъзотарин ва муваффақтарин ҳизби сиёсии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар ҳама шаҳру ноҳияҳо кумитаҳои иҷроия, ташкилотҳои ибтидоии ҳизб фаъолияти пурсамар дошта, ҳамаи қишрҳои ҷомеаро фаро мегирад.
Соли 1998 дар вилояти Хатлон низ таъсис ёфтани Кумитаи иҷроияи он, баргузории аввалин конференсияи ҳизбиён дар шаҳри Бохтар, раиси ҳизб интихоб шудани Давлаталӣ Шарипов ба санаи таърихӣ табдил ёфтааст. Фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар он давраи ҳассос ва масъулиятнок ба корнамоӣ ва шуҷоати сиёсӣ баробар буд. Вилояти Хатлон, ки дар маркази даргириҳои ҷанг қарор дошт, бо мардуми фирорӣ ва сокинони азияткашида пеш бурдани рисолати сиёсии ҳизб кори душвор буд. Фаъолони ҳизб барои ба эътидол овардани вазъияти мураккаб нақши бориз гузоштанд. Имрӯз сафи аъзои ҳизб афзуда, мароми сокинони вилоят бо ҳадафҳои Ҳукумати Тоҷикистон тавъам шудааст.
Дар вилояти Хатлон будани 2872 ташкилоти ибтидоӣ, 198 ҳазору 584 аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз он шаҳодат медиҳад, ки обруву нақши ин ҳизб чӣ гуна аст.
Дар марҳилае, ки мардуми Тоҷикистон ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистон камар бастааст, таҷлили 30-солагии таъсиси ҲХДТ иттифоқ омадааст. Барои таърих ин давраи кутоҳ бошад ҳам, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо фаъолияти худ тавонист ба боварии мардум сазовор шавад. Ҳизбе, ки онро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарӣ мекунанд, аз ҷониби халқи Тоҷикистон дастгирӣ ёфтааст.
Истиқлоли давлатӣ дар ҳаёти кишварамон таҳаввулоти куллӣ ба вуҷуд овард. Таъсиси Ҳизби Халқии демократии Тоҷикистон низ самараи даврони соҳибистиқлолӣ мебошад. ҲХДТ дар Парлумони Тоҷикистон яке аз фаъолтарин фраксияҳои он буда, аъзои он барои қабули қарорҳои ҳифзи манофеи миллӣ, рушди кишвар, таҳкими давлатдорӣ бо шиори “Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!” саҳми арзанда мегузоранд.
Дилором МАҲКАМЗОДА, «Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...